7.9 C
Dushanbe

Саёҳати “шайка”-и Ҳасан Асадуллозода дар Олмон

Муҳиддин Ҳасанзода, писари Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорони падарашро бо кумаки Сафири Тоҷикистон дар Олмон ба тамошои “ширкатҳои бонуфузи олмонӣ” бурдааст.

Акс аз сомонаи ВКХ-и Тоҷикистон

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷи Тоҷикистон 5-уми апрели соли 2022 хабар дода, ки “бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон силсилаи вохӯриҳои ҳайати иқтисодии кишвар иборат аз роҳбарияти ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Тавҳидбонк” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” бо мақсади рушд ва таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо ширкатҳои бонуфузи олмонӣ танзим шуда истодаанд.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ин се ширкати мансуб ба як хонавода, ки тавассути Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додараруси Президенти кишвар идора мешаванд, мегӯяд, ки “31 марти соли 2022 ҷиҳати имкони рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ бо мудири кулли ширкати бонуфузи “Airbus Operations GmbH” Гуннар Грос мулоқот сурат гирифт.”

Гуфта мешавад, ки инчунин дастёрони Ҳасан Асадуллозода бо намояндагӣ аз ин се ширкати мансуб ба вай “бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии “Euler Hermes”, аз ҷумла сардори раёсати суғуртакунӣ ва идораи хавфҳо Ян-Филипп Апкин ва мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл Бертҳолд Ройтер вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда гуфтугӯ анҷом доданд.”

Ширкати “Сомон Эйр” ахиран хабар дода буд, ки парвозҳои худ ба Русияро меафзояд, вале бо ин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нагуфтааст, ки “Ориёнбонк”-и Ҳасан Асадуллозод ва “Таҳвидбонк”-и писараш Муҳиддин Ҳасанзода қасд доранд, барои ширкати ҳавпайомии “Сомон Эйр”-и мансуб ба ин хонавода ҳавопаймо бихаранд ва ё бо истифода аз низоми лиззингӣ таёрае ба иҷора бигиранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон “Тавҳидбонк” фаъолияти суғуртавӣ ва лизингӣ надорад. Инчунин ягон ташкилот ва ё корхонае вуҷуд надорад, ки бонк дар сармояи он зиёда аз 25% ҳиссагузорӣ карда бошад. Аммо ба гуфти Бокни миллӣ “Ориёнбонк” фаъолияти лизингӣ дораду суғуртавӣ на. Инчунин ба гуфтаи Бонки миллӣ дар ин Бонк “саҳоми дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок вуҷуд надорад.”

Гуфта мешавад, бино ба иттилои хабаргузории “Азия Плюс, “бар асоси маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2021 саҳми Олмон дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 1,7 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми умумии тиҷорати Тоҷикистону Олмон дар соли гузашта ҳудуди 108 миллион долларро ташкил карда, ки нисбат ба соли 2020 17,5% бештар будааст. Ба ҳисоби тақрибӣ 99,7 дарсади муомилоти молии дуҷониба ба интиқоли маҳсулоти Олмон ба Тоҷикистон рост меояд.”

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Аздо тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.