Шоҳида Маҳмадҷонава: Талаби 7 соли зиндон барои “ду шарҳ”

Дар нахустин мурофиаи додгоҳии хонум Шоҳида Маҳмадҷонова айбдоркунандаи давлатӣ аз судя хост, ки ба вай 7 сол ҳумки зиндон содир кунад.

Бино ба иттилои “Радиои Озодӣ“, субҳи имрӯз, 7-уми апрели соли 2022 нахустин мурофиаи додгоҳии Шоҳида Маҳмадҷонова дар Додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонии пойтахт баргузор шуд.  

Намояндаи прокуратура Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба он айбдор кардааст, ки ду маротиба дар шабакаи иҷтимоии Ютуб зери наворҳои писараш Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон 09” ва “Ислоҳ+” зидди сохторҳои ҳукуматӣ шарҳ навиштааст.

Хонум Маҳмадҷонова низ дар рафти ин мурофиа он ду шарҳро моли худ дониста гуфтааст, “моҳи июни соли 2021 бародарашро, ки дар як қисми низомӣ кор мекард, аз кор барканор карданд. Наздиконаш ба Маҳмадҷонова гуфтаанд, ки бародараш ба хотири хоҳарзодааш “Абдураҳмон 09” аз кор озод шудааст.

Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки вақте ба манзили модараш омад ва аҳволи бародарашро дид, худро гунаҳкор ҳисоб кард. Вай ҳамчунин афзуд, ки дар оғози соли таҳсили 2021, вақте дид, ки бародараш дар хариди либосҳои мактабӣ барои фарзандонаш мушкилӣ дорад, асабонӣ шуд ва ин ду шарҳро дар “Ютуб” навишт.”

Вакили дифои хонум Шоҳида Маҳмадҷонова аз додгоҳ хостааст, ки бинобар эътироф кардани зерҳимояш ба гуноҳи худ барои ӯ “ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ шавад.” Судя пас аз баргузории мурофиа инро шунида барои содир кардани ҳукм ба хонаи машварат рафтааст.

Гуфтанист, ин қазия тамоми созмонҳои мухолифинро муттаҳид кард ва қариб ҳамаи онҳо дар алоҳидагӣ боздошти хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро маҳкум карда, аз Ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки фавран ӯро озод кунанд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли 2022 ба шуъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз онҷо бедарак гардид. Сипас Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зери фишорҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон маҷбур шуд, ки 8-уми феврали соли ҷорӣ боздошти ӯро эътироф кунад, вале бо ин вуҷуд дар замони боздошт ягон маротиба ба пайвандони ӯ иҷозати мулоқот бо хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро надоданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вашингтон фишори иқтисодӣ бар Эронро шадидтар мекунад

Амрико ҳамзамон аз омодагии худ барои ҷорӣ кардани сахттарин таҳримҳо алайҳи Теҳрон хабар дод.

Духтараки гумшуда пайдо шуд: ҷузъиёти нави ВКД дар ин бора

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Мадамонзода Фарида, сокини 12-солаи шаҳри Душанбе, ки чанд рӯз боз бедарак буд, пайдо шудааст.

Як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон кушта шуд

Яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Ҳасиб Панҷшерӣ, рӯзи 20-уми августи соли 2026 дар ҷараёни як даргирӣ бо нерӯҳои ҳукумати Толибон кушта шуд.

СММ ва Афви Байналмилал аз Толибон хостанд таркиши Кобул таҳқиқ шавад

СММ аз мақомоти Афғонистон хост, ки таркиши рӯзи 17-уми август дар ғарби Кобулро ҳамаҷониба ва бетарафона таҳқиқ кунанд.