Муҳоҷири тоҷик барои пешниҳоди пора равонаи зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон барои тағйири ному насаб дар шиноснома ва вуруди дубора ба Русия  ба муддати 4 сол равонаи зиндон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Kaluga News”, як шаҳрванди Тоҷикистон соли 2016 аз Русия ихроҷ ва аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шуда буд. Аммо соли 2017 дар ватани худ ӯ  ном, насаб ва номи падарашро иваз карда, соли 2020 дубора бо шиносномаи нав вориди Федератсияи Русия шудааст.

Ин муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия кору фаъолият мекарда, дар моҳи майи соли 2021 ҳангоми пешниҳоди додани пора ба маблағи 30 рубли русӣ дар шаҳри Обнинск дастгир шудааст.

Додгоҳи шаҳри Обнинск ин шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марзи давлатии ва пешниҳоди додани пора ба муддати чаҳор сол дар зиндони низомаш вазнин маҳкум кард. Тибқи ин қарори додгоҳ ин муҳоҷир пас аз интиҳои ҷазои муайяншуда дубора аз ин кишвар ихроҷ карда шавад.

Гуфта мешавад, иваз кардани ному насаб барои бозгашт ба Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон амри маъмулӣ аст. Қаблан низ чанд шаҳрванди Тоҷикистон аз сабаби тағйири ному насаб дар шиноснома дар Русия боздошт шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.