Путин расман бо Толибон робита барқарор карданист

Русия дар талоши барқарор кардани равобит бо Толибон аст ва мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникии Афғонистон дар идораи кишвар ба таври комил ширкат кунанд.

Ба қавлибархе расонаҳои ғарбӣ, Путин дар вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки Русия мехоҳад дар идораи ҳукумати Афғонистон тамоми ақаллиятҳои қавмии он кишвар ҳамроҳ бошанд.

Хадамоти матбуотии президенти Русия низ хабар дода, ки Путин бо ишора ба Афғонистон гуфтааст, Русия ҳама корро анҷом медиҳад, то вазъ дар ин кишвар ба эътидол ояд. “Мо талош мекунем бо нерӯҳои сиёсие, ки вазъиятро пурра назорат мекунанд, равобит барқарор кунем”, – гуфтааст Президенти Русия.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳарчанд Русия Толибонро расман ҳамчун гурӯҳи “ифротгаро” ва “терруристӣ” шинохтааст, аммо қаблан намояндаи Толибонро ба ҳайси намояндаи расмии кишвари Афғонистон пазируфта буд. Инчунин ҳайъати Толибон дар Форуми иктисодии байналмиллалии Санкт-Петербург низ ширкат варзиданд.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон дар ин бора тафсилоте наовардааст, танҳо ишора кардааст, ки ҷонибҳо зимни мулоқот ба рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, “таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистон ва Афғонистон”-ро баррасӣ карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шаш қурбонӣ дар таркиши нуқтаи фурӯши газ дар Узбекистон

Бар асари таркиш дар як нуқтаи фурӯши гази моеъ дар ноҳияи Қаршии вилояти Қашқадарёи Узбекистон 6 нафар ҷон бохта, 5 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Шикояти сокинон аз сифати гӯшт ва рафтори баъзе гӯштфурӯшон

Бархе аз сокинон дар шаҳри Душанбе аз сифати гӯшти ба фурӯш гузошташуда ва муносибати баъзе гӯштфурӯшон изҳори норозигӣ мекунанд.

Суқути як чархболи амрикоӣ дар тангаи Ҳурмуз

Як чархболи навъи "Апачи"-и артиши Амрико рӯзи душанбе дар тангаи Ҳурмуз сарнагун шуд.

Русия қоидаҳои муоинаи тиббии муҳоҷиронро сахттар кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ кард, ки муҳлати гузаштани муоинаи ҳатмии тиббиро барои муҳоҷирон пас аз ворид шудан ба хоки ин кишвар кам мекунад.