7.9 C
Dushanbe

Захмӣ шудани даҳҳо эътирозгар дар Қароқалпоқистон

Дар пайи эътирози мардум дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон 243 нафар захмӣ шуда, 18 нафари дигар ба ҳалокат расидааст.

Имрӯз, 4-уми июли соли 2022 Додситони кулли Узбекистон хабар дод, ки дар миёни захмиён 38 нафарашон кормандони ҳифзи ҳуқуқ мебошанд. Аммо Сомонаи “Дарё”-и Узбекистон дар истинод ба як “мансабдори вазорат” менависад, ки “беш аз 1000 эътирозгар захмӣ шудааст.”

Пештар аз ин Шавкат Мирзиёев, Президенти Узбекистон низ аз талафот дар миёни мардуму низомиён гуфта буд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, захмиёни зиёди оғӯштаи хун дида мешавад ва омори захмиён бештар аз онест, ки мақомоти расмӣ мегӯянд.

Инчунин расонаҳои узбекӣ дар истинод ба сардори Хадамоти иттилооти Горди миллии Узбекистон, Даврон Ҷумъаназаров, хабар доданд, ки дар пайи ин эътирозҳо 516 кас дастгир шуда, нисбати баъзеи онҳо тафтишот идома дорад ва аллакай қисме ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми июн даҳҳо нафар бо парчами Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар кӯчаҳои Нуқус ҷамъ шуда, зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд, ки дар банди вобаста ба мақоми ин ҷумҳурии мухтор калимаи “мустақил”-ро бардоштаанд.

Тазоҳуроти сокинон баъди он авҷ гирифт, ки мақомоти интизомӣ Давлатмурод Тоҷимуродов, хабарнигор ва фаъоли маданиро, ки мардумро ба тазоҳурот ба зидди тарҳи нави Конститутсия даъват мекард, дастгир карданд. Дертар хабари раҳоии ӯ нашр шуд.

Баъди ин эътирозҳо Шавкат Мирзиёев ба Нуқус сафар кард ва эътирозгаронро ба сангпартоиву оташкушоӣ ва ҳамла ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқ муттаҳам кард ва гуфт, ислоҳи панҷ моддаи Конститутсияи Узбекистон, ки ба истиқлоли Қароқалпоқистон пайванд дорад ва боиси норозигии мардум шудааст, “бетағйир гузошта шавад”.

Дар ҳоли ҳозир дар Қароқалпоқистон то 2-юми августи имсол вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст.

Тибқи омори соли 2022, Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар қисми шимолу ғарбии Узбекистон ҷойгир буда, ҳудуди 1,9 миллион аҳолӣ дорад ва масоҳаташ наздики 40 дар сад аз қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад. Забонҳои қароқалпоқӣ ва узбекӣ забонҳои расмии ин ҷумҳурии мухтор дониста мешавад.  

Пас аз ишғоли Хоразм ва Туркистон аз ҷониби русҳо Қарақалпоқистон соли 1925 расман худмухтор эълон шуда ва ба Ҷумҳурии сотсиалистии Қазоқистон ҳамроҳ карда шуд, аммо соли 1936 ин ҷумҳурии худмухтор ба хоки Узбекистон ворид карда шуд.

Дар оғози солҳои 90-ум, баъди пошхӯрии Шӯравӣ, Шӯрои Олии Қароқалпоқистон Эъломияи истиқлол қабул кард ва соли 1993 аҳдномаи байнидавлатӣ дар бораи ба қаламрави Узбекистон ворид шудани Қароқалпоқистон имзо шуд, ки дар он ҳаққи берун шудани Қароқалпоқистон аз ҳайати Узбекистон зикр шудааст ва айни чиз дар Конститутсияи Узбекистон низ вуҷуд дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.