Имзои санадҳои ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Липетск

Дар бинои шарҳдории шаҳри Липетски Русия 15-уми июл маросими ботантанаи имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни шаҳрҳои Липетск ва Хуҷанд баргузор гардид.

Акс аз сомонаи “news.tpprf.ru”

Дар чорабини мазкур раиси шаҳри Липетск Евгения Уваркина, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода, раиси Шӯрои шаҳри Липетск Александр Афанасев, раиси Палатаи савдо ва саноати Липетск ва намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Липетск ҳузур доштанд.

Раиси шаҳри Липетск Евгения Уваркина бо қаноатмандӣ қайд кард, ки тоҷирони Липетск чанд сол ин ҷониб бо шарикони тиҷории худ аз Хуҷанд ҳамкории самаранок доранд.

“Мо бо камоли мамнуният пешниҳоди ҳамкориро қабул мекунем ва омода ҳастем, ки дар якҷогӣ робитаҳои иқтисодӣ барқарор кунем ва содироти худро инкишоф диҳем”, – қайд кард Евгения Уваркина.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода таъкид кард, ки муносибатҳои дуҷонибаи соҳибкорони ду шаҳр кайҳо ба анъана даромадааст. Боқизода афзуд, ки барои инкишофи ҳамкориҳои дуҷониба корҳои зиёде ба назар гирифта шудааст.

Дар охир ҷонибҳо санадҳои ҳамкорӣ имзо карданд. Тибқи ин аснод, ҷонибҳо барои инкишофи робитаҳо дар бахшҳои иқтисод, маориф, фарҳанг, варзиш, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ талош хоҳанд кард. Қарор аст то охири соли ҷорӣ созишнома оид ба барқарории равобити дӯстона миёни шаҳрҳои Липетск ва Хуҷанд ба имзо расад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Тоҷикистон

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи ҷиноятҳои коррупсионӣ нисбат...

Тоҷикистон 2,8 млрд сомонӣ қарзҳояшро пардохт кардааст

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон 2 милларду ҳаштсад...

Додситони кулли Тоҷикистон ҷинояти содиркардаи зердасташро дар қазияи марги Меҳрона Ноибова тасдиқ кард

Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода тасдиқ кард, ки дар...

Кумита аз ҷамъоварии 123 дарсадии андозҳо дар нимсолаи аввал хабар дод

Давлатзода Нусратулло Муқим, раиси ивазнашавандаи Кумитаи андози Тоҷикистон, ки...