7.9 C
Dushanbe

Лоиҳаи “CASA-1000″дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист

Файзалӣ Самиев, мудири бахши Тоҷикистонии лоиҳа энержии “CASA-1000” гуфт, ки то поёни соли 2022 бунёди лоиҳаи мазкур дар қаламрави Тоҷикистон ба итмом мерасад.

Тавре “Авеста” хабар дод, Самие охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфт: То охири сол мо нақша дорем, ки бунёди тамоми хатҳои барқро (дар доираи лоиҳаи CASA-1000) дар қаламрави кишварамон ба анҷом расонем“. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки тақрибан тамоми корҳои сохтмонӣ лоиҳа дар ҳудуди Тоҷикистон анҷом ёфта, аз 5 то 7% корҳо боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои сохтмон пурра аз кишварҳои аврупоӣ, Шветсия, Русия, Чин, Ҳиндустон ва Туркия харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ оварда шуда, аллакай 70% онҳо насб шудааст.

Самиев афзуд, ки то анҷоми насби бахше аз таҷҳизот ва ба кор андохтану озмоишҳо муддати кам мондааст, бидуни омодагии кишварҳои ширкаткунанда анҷом ва амалишавии ин тарҳ ғайриимкон аст.

“Айни замон лоиҳа дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон амалӣ мешавад, вале дар Афғонистон бо сабаби авзои сиёсӣ ва тағйири қудрат, ки дар моҳи августи соли 2021 сурат гирифт, корҳо барои анҷоми лоиҳа боздошта шудааст”, – гуфт дод Самиев.

Ба гуфтаи Самиев, бунёди ин лоиҳа дар Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон аз 50 то 60 дарсад анҷом ёфтааст. Кишварҳои иштироккунанда дар ин лоиҳа Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд.

Гуфта мешавад, дарозии умумии хатҳои барқ ​​дар Тоҷикистон 280 километр, Афғонистон – 570 километр, Қирғизистон – 450 километр буда, як қисми ками он ба қаламрави Покистон рост меояд.

Ёдовар мешавем, дарозии умумии хатҳои лоиҳа 1227 километрро ташкил дода, арзиши кулли лоиҳа 1 миллиарду 86 миллион долларро ташкил медиҳад. Барои ин лоиҳа аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағ ҷудо шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.