12.9 C
Dushanbe

HRW аз мақомоти Тоҷикистон хост боздошти бадахшониҳоро бас кунад

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон даъват карда, ки боздоштҳои ғайриқонунии сокинони Бадахшонро қатъ кунад.

Созмони байналмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башари (Human Rights Watch) имрӯз, 23-уми август бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба боздоштҳои ғайриқонунӣ ва муҳокимаҳои ноодилонаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) хотима бахшад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “Мақомоти Тоҷикистон бояд ба ин таҷриба хотима гузоранд ва барои таъмини муҳоикмаҳои одилона ба аҳдномаҳои байналмилалии худ пойбанд бошанд.

Бино ба иттилои ин созмон, мақомоти Тоҷикистон дар пайи саркӯби эътирозгарон дар моҳи май беш аз 200 нафар аз сокинону зодагони Бадахшон, аз ҷумла дастикам 90 тан аз фаъолонро дастгир карданд ва онҳо аз ҳаққи дастрасӣ ба адвокат ва дигар ҳуқуқи худ ба мурофиаи одилона маҳрум карда шудаанд.

Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Осиёи Марказӣ дар Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд: “Бидуни адвокат айбдоршавандаҳо наметавонанд ба муҳокимаи одилонаи парвандаҳояшон дар додгоҳҳо ноил шаванд ва ба хатари зиёди шиканҷа ва дигар намудҳои бадрафторӣ рӯбарӯ ҳастанд.”

Дар изҳороти Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфта мешавад, ки Тоҷикистон соли 1999 ба Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пайвастааст ва ин паймон кафолат медиҳад, ки ҳар айбдоршаванда ҳуқуқи мурофиаи одилонаи парвандааш, дастрасӣ ба адвокат ва вақти кофӣ барои омӯзиши иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда ва ҷамъоварии далелҳо барои ҳимоят аз худашро бояд дошта бошад.

Дар пайи гирдиҳамоии моҳи майи соли ҷорӣ дар ВМКБ, ки боиси марги даҳҳо нафар шуд, мақомоти интизомӣ даҳҳо нафар, аз ҷумла фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшонро бо иттиҳоми барангехтани ин тазоҳурот боздошт карданд, ки иддае аз онҳо аллакай ҳукми тӯлонии зиндон гирифтаанд. Инчунин то ҳол нафарони зиёде аз зодагони Бадахшон, ки дар Русия қарор доранд, бо баҳонаҳои гуногун боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда истодаанд.

Боздоштшудаҳо ва наздикони онҳо мегӯянд, ки иттиҳомоти мақомот ягон асос надоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...