Дар “Соли рушди саноат” зиндонӣ кардани соҳибкорон ба чӣ маъност?

23 августи соли ҷорӣ додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мурофиае фаъоли ҷамъиятӣ, фермери машҳур ва соҳибкор аз ноҳияи Роштқалъа Сорбон Юноеви 62-соларо бо ҷурми “ифротгароӣ” ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Акс аз “your.tj”

Агарчи чанд моҳи охир мақомоти Тоҷикистон даҳҳо нафар аз фаъолони ҷамъиятиву шахсиятҳои шинохтаро ба муддатҳои дароз равонаи зиндон кардааст, вале зиндонӣ шудани ин фермер ва соҳибкор бисёр нигаронкунанда аст.

Тавре қаблан расонаҳо

Акс аз “your.tj”

Тавре мо акнун медонем, орзуи ин соҳибкори минтақаи дурдасти кӯҳӣ дигар ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд.

Бояд зикр кард, ки қаблан Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2020 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”  ба имзо расида буд. Илова бар он, моҳи январи соли 2022 шахсан бо фармони худи Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон шуда, онро ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон кард.

Вале соли 2022, ки ин сол ҳам шомили қарори ҳукумат ва ҳам шомили фармони президент мешавад ва бояд дар ин сол саноат бештар дастгирӣ мешуд, яке аз соҳибкорони камшуморе, ки дар минтақаи кӯҳии дурдаст корхонаи саноатии истеҳсолиеро бо ташаббуси шахсии худ ба роҳ монда буд, бо иттиҳоми “ифротгароӣ” ба муддати даҳ сол ба зиндон равона шуд. Ҳоло ин соҳибкор 62 сол дорад ва ҳангоми аз зиндон баромадан 72-сола мешавад, баъид аст, ки кори худро давом дода тавонад.

Акнун ҳатто он 3 дарсад себе, ки Юноев коркард мекарду ба мардум пешниҳод мекард, пӯсида талаф хоҳанд шуд. Барои коркарди санҷиди худрӯй бошад, шояд дигар на танҳо дар миқёси ин вилоят, балки ҳатто дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳам дигар мутахассисе набошад.

Ҷои тааҷуб нест, ки пас аз нашри хабарҳои саркӯби соҳибони корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, бо баҳонаҳои сохтаву бофта ба зиндон равона кардани онҳо, соҳибкорон бо сармояву амволи худ роҳи хориҷро пеш мегиранд. “Солҳои рушди босуръати саноат”, бешубҳа, иддаое беш нахоҳад буд, ки дар рӯи қоғаз боқӣ мемонаду бас.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.