12 соли зиндон барои куштори ноболиғ

Додгоҳи шаҳри Бохтар Мадинаи Аҳмад, сокини ноҳияи Кӯшониёнро бо ҷурми куштори кӯдаки ноболиғ ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора “

Бино ба иттилои манбаъ, Мадинаи Аҳмад дар рафти мурофиа бо қисми 3-и моддаи 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 12 сол маҳкум ба зиндон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 27-уми майи соли ҷорӣ Мадинаи Аҳмад, ки дар шаҳри Бохтар дар манзили иҷора ба сар мебурд, хонандаи синфи ду Зиёдулло Розиқовро латукӯб кардааст.

Зиёдулло бародарзодаи шавҳари ояндаи Мадина буда, бо хоҳиши ӯ кӯдакро нигоҳубин мекардааст.

Зимни бозпурсӣ Мадина гуфтааст, ки кӯдакро бо камарбанди мардона ба гумони он ки ӯ аз ҳамёнаш 200 сомониро дуздидааст, сахт латукӯб кардааст.

Дар натиҷаи латукӯб кӯдак ҳолаташ бад шуда, худи Мадина ёрии таъҷилиро даъват кардааст, аммо Зиёдулло дар роҳ ба бемористон ҷон бохтааст.

Мадинаи Аҳмад то замони боздошташ ба ҳайси котибаи директори мактаби рақами 8, ки Зиёдулло Розиқов низ дар он таҳсил мекард, кор мекард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.