Тафсилоти садамаи мошини газбар дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Субҳи имрӯз, 6-уми сентябри соли 2022 дар роҳи Душанбе-Чаноқ мошини интиқолдиҳандаи гази моеъ ба сабаби аз кор баромадани торзомҳояш ба садама дучор шуда, таркид ва ҳаракати мошинҳо дар ин роҳ баста шуд.

Акс аз саҳифаи фейсбукии филиали “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”

Тавре қаблан филиали ширкати “IRS” (Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД) дар Тоҷикистон хабар дода буд, ин ҳодиса дар 46-километрии роҳи Душанбе – Чаноқ рух дод.

Филиали ширкати “IRS” (Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД) дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҳодиса 3 нафар ба ҳалокат расида, 5 нафар бо шумули ронандаи мошини газбар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шуданд.

Гуфта мешавад, пас аз кор баромадани тормозҳо мошини боркаш то ду километри дигар бидуни тормоз меравад ва сипас ба дарё сарозер мешавад. Аммо ронанда ҳушёрӣ карда, пеш аз сарозер шудан худро аз мошин ба берун меандозад.

Масъулони ширкат тафсилоти ин ҳодисаро чунин шарҳ медиҳанд:

“Мутаассифона, баъд аз рух додани таркиш бо сабабҳое, ки баъдтар мақомоти дахлдор шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ду мусофири ду автомобили сабукрав дар маҳалли ҳодиса аз алангаи оташи автомобили таркида ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, як нафар зан зери автобуси самти Душанбе – Панҷакент монда, ҷон медиҳад. Чор нафари дигар, ки осеби ҷисмонӣ бардоштанд, ба беморхона интиқол дода шуданд.”

Дар хабар ҳамчунин овозаҳо дар мавриди бархӯрдани мошини газбар бо автобус рад мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло роҳ кушода шуда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шиддати гармо Аврупо: Олмон ва Фаронса ба сокинон ҳушдор доданд

Кишварҳои Аврупо рӯзҳои охир бо яке аз шадидтарин мавҷҳои гармо дар солҳои охир рӯбарӯ шудаанд.

Боздошти зодаи Тоҷикистон дар Амрико

Мақомоти муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида як ҷавони 28-солаи тоҷикро бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Пас аз шаш сол: ҳаракати қатори Душанбе–Маскав дубора оғоз шуд

Пас аз шаш соли таваққуф, ҳаракати қатори мусофирбари Душанбе–Москва дубора барқарор гардид. Аввалин қатор рӯзи 21-уми июн ба роҳ баромад.

Шиканҷа дар Тоҷикистон – дарди бедавои ҳукумат

Чанд рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳимоят...