Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар Маскав масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Дирӯз, 5-уми сентябри соли 2022 Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров дар Маскав “Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои солҳои 2022-2023-ро ба имзо расониданд.”

Ба қавли манбаъ, зимни мулоқоти сарони дастгоҳҳои дипломатии Тоҷикистону Русия низ “маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои башардӯстона ва муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ дода, ки ҷониби Русия “омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар моҳи октябри соли 2022 қайд кардааст.”

Гуфта мешавад, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳридддин бо даъвати ҳамтои Русиягиаш Сергей Лавров “ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар” дирӯз вориди Маскав гардида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷанҷоли халабонҳо ҳангоми парвоз ва нишасти изтирорӣ дар Табук

Ҳавопаймои ширкати "Flydubai", ки аз Дубай ба самти Тел-Авив парвоз мекард, рӯзи 30-уми сентябр ҳангоми парвоз дар шаҳри Табуки Арабистони Саудӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Афзоиши фишорҳо болои хонаводаи раиси нави НИТ

Мақомоти амниятии Тоҷикистон фишорро болои хонаводаи Исломҷон Саидов, раиси тозаинтихоби Наҳзати исломии Тоҷикистон бештар кардаанд.

Галустян бо вуҷуди мавҷи интиқодҳо ба Тоҷикистон омад

Бо вуҷуди эътирози фаъолон ва сокинон мақомоти кишвар ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустянро, ки солҳо миллати тоҷикро таҳқир мекард, ба Душанбе даъват карданд.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ОМ пасттарин иқтисодро дорад

Тоҷикистон дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ яке аз хурдтарин иқтисодҳоро дорад.