20.9 C
Dushanbe

Вазъи муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон то рафт вахимтар мешавад

Дар давоми се рӯз мақомоти тоҷк наздики 200 паноҳҷӯи афғонро аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ карданд. Дар ин бора фаъолон ва рӯзноманигорони афғонистон хабар медиҳанд.

Муҳоҷирони ихроҷшуда ба Афғонистон. Акс аз гузориши видеоии шабаки “Afghan Visit”

Тавре дар расонаҳо аз забони худи муҳоҷирони ихроҷшудаи афғон гуфта мешавад, мақомоти тоҷик рӯзона то 50-60 анфар аз муҳоҷирони афғонистониро, ки ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд, бидуни ҳеч далили қонуние ради марз мекунанд.

Ин муҳоҷирон аз он шикоят мекунанд, ки бо вуҷуди доштани асноди расмӣ ва корти Созмони Миллали Муттаҳид, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо роҳи фиреб, ки “бо шумо суҳбати кӯтоҳе дороему бас”-гуфта, аз хонаҳояшон боздошт мекунанд ва мустақим онҳоро ба Афғонистон ихроҷ мекунанд ва ҳаато намегузоранд, ки аз хонаҳояшон пулу либосҳояшонро бигиранд.

Ба иддаои паноҳандагони афғонистонӣ, кормандони амнияти Тоҷикистон пас аз ихроҷи муҳоҷирон хонаҳои онҳоро тафтиш карда, тамоми васоил ва дороиҳояшонро ғорат мекунанд.

Расонаи амрикоии “Eurasianet” аз қавли манобеаш хабар дод, Тоҷикистон давоми чанд рӯзи ахир беш аз 200 муҳоҷири афғонро бо ҳамин тарз ихроҷ кардааст.

Ба иттилои ин расона, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи паноҳандагон ба муҳоҷирони афғонистонии муқими Тоҷикистон тавсия додаанд, ки аз хонаҳояшон бидуни зарурат берун набароянд. Гуфта мешавад, қисме аз хонаводаҳо аз тарси ихроҷ ба сафорати Афғонистон дар Душанбе паноҳ бурдаанд.

Як паноҳҷӯ ва рӯзноманигори афғонистонӣ, ки номаш зикр намешавад ва ҳоло дар Тоҷикистон аст, дар суҳбат бо шабакаи ютубии “Panahju” мегӯяд, дар давоми се рӯз мақомоти амниятии тоҷик 184 нафарро бо шумули занону кӯдакон ба Афғонистон ихроҷ карданд.

Ба гуфтаи ин рӯзноманигори паноҳҷӯ дар Тоҷикистон иллати чунин амалҳои ғайриқонунии мақомоти тоҷик “дар он аст, инҳо (мақомоти тоҷик) омори бештаре аз паноҳандагон ба СММ ироа карда буданд ва тибқи он омор сари ҳар муҳоҷир маблағ мегирифтанд, вале пас аз додани санади биометрии СММ ба муҳоҷирон, маълум шуд, ки шумори онҳо дар Тоҷикистон на 30 ҳазор, балки 3 то 4 ҳазор аст. Ва инҳо ба хотири он ки ба СММ фишор биёранд, то маблағҳои пешинаро бидиҳад, ҳаррӯз даҳҳо нафарро ихроҷ мекунанд”.

Фаъолон ва рӯзноманигорони афғон аз тамоми созмонҳои ҳуқуқи муҳоҷирон, ба хусус аз кишвари Амрико, Канада ва СММ талаб доранд, ки ба ҳуқуқи онҳо дар Тоҷикистон расида кунанд. Чун мардум бегуноҳ ихроҷ мешаванд ва онҳо дар Афғонистон ба хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи баъзе аз таҳлилгарон, иддаои Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳимоят аз мардуми афғонистон ва хусусан аз Ҷабҳаи муқовимати миллии ин кишвар дурӯғе беш набуда, ҳама ба хотири ба даст овардани маблағ ва имиҷи сиёсии худаш будааст.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳ раҳбарони “Гурӯҳи 24”-ро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе раҳбари "Гурӯҳи 24" Суҳроби Зафар ва узви ин гурӯҳ Насимҷон Шарифовро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Раиси пулис бо иттиҳоми таҷовуз ба номус боздошт шуд

Сардори милисаи ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат аз ҷониби маъмурони Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудааст.

Русия барои муҳоҷирон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карданист

Дар Русия гирифтани иҷозаи иқомат (ВНЖ) барои муҳоҷиронро мехоҳанд...

3 шарти русҳо ба муҳоҷирони зиндонӣ

Мақомоти Русия садҳо зиндонии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистонро маҷбур...