СПАД Тоҷикистону Қирғизистонро ба оташбаси фаврӣ даъват кард

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас аз мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон хоста, ки ҳарчи зудтар оташбас эълон кунанд.

Станислав Зас бо котибони Шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон Насрулло Маҳмудзода ва Марат Имонқулов дар робита ба шиддат гирифтани вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Дар ин гуфтугӯ, ки имрӯз, 16-уми сентябри соли 2022 баргузор гардидааст, Станислав Зас аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон оташбаси фаврӣ эълон кунанд.

Ҳамчунин дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон хоста шудааст, ки барои ҳалли сулҳомези низоъ тавассути мақомоти салоҳиятдор музокиротро ба роҳ монанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия шомили СПАД мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки 14-уми сентябри соли ҷорӣ дар марзи ду кишвар задухӯрд ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷаи он 2 марзбони тоҷик кушта ва 11 кас маҷруҳ шуданд ва баъд аз он музокирот сурат гирифт. Аммо, субҳи 16-уми сентябр низоъ дар марз дубора шиддат гирифт ва ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд.

Мақомоти Қирғизистон рӯзи 14-уми сентябр аз захмӣ шудани 2 марзбон ва се сокини мулкӣ ва имрӯз аз 31 нафар хабар дод.

Тоҷикистон имрӯз дар бораи талафот ва захмиҳо чизе нагуфтааст. Аммо, хабари кушта шудани як сарбоз ва як сокини маҳаллии тоҷик нашр шудааст.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...