22.9 C
Dushanbe

Оғози гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз 10 соати даргириҳои мусаллаҳона дар нуқтаҳои марзӣ, барои ҳалли низоъ музокиротро оғоз карданд.

Имрӯз, сарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар гузаргоҳи гумрукии “Равод”-и Ӯзбекистон музокироти худро оғоз карданд.

Дар ин музокирот бар иловаи Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ҶТ ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ ҶҚ, инчунин раисони вилоятҳои Суғд ва Боткен ва дигар мақомоти расмӣ аз ҷониби ҳар ду кишвар ҳузур доранд.

Пеш аз ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъкид карда буд, ки бо вуҷуд чанд соат гузаштан аз оғози низоъҳои мусаллаҳона дар марзҳои муштарак ҳамоно ҷониби Қирғизистон аз нишастан сари мизи музокирот сарпечӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад. Ва бар асоси тавофуқҳои ҳосилшуда ҳар ду ҷониб вазифадор шуданд, ки нерӯҳои худро ба ҷойҳое, ки пеш аз оғози низоъҳои мусаллаҳона ҳузур доштанд, бар мегардонанд, тавофуқе, ки сокинони маҳаллиро нигарон кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

СММ: Исроил дар Ғазза даст ба қатли ом мезанад

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд.

Аз нишасти Қатар чӣ ҳолсил шуд?

Рӯзи душанбе, 15-уми сентябри соли ҷорӣ сарони 57 давлати арабӣ ва исломӣ бо баргузории ҷаласае дар шаҳри Давҳаи Қатар гирди ҳам ҷамъ омаданд.