Мулоқоти Раҳмонов ва Ҷабборов. Онҳо чӣ гуфтанд?

Имрӯз, 16-уми сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Самарқанд баргузор шуд, бо раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов мулоқот кард.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон, дар ин мулоқот ҷонибҳо вазъи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ карда, роҳбарони ду давлат ба мувофиқа расидаанд, ки ба мақомоти дахлдор барои қатъи оташ ва баровардани нерӯ аз хатти муноқиша, дастур хоҳанд дод.

Инчунин роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар макони ҳодиса мулоқот карда, комиссияи махсус барои таҳқиқи ҳолат ва сабабҳои муноқиша ташкил карданд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки “ҷонибҳо ҷиҳати тезонидани кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ низ ба мувофиқа расиданд.”

Ёдовар мешавем, ки имрӯз пас аз 10 соати даргириҳои мусаллаҳона дар нуқтаҳои марзӣ, сарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар гузаргоҳи гумрукии “Равод”-и Ӯзбекистон музокироти худро оғоз карданд.

Дар музокирот ҳамзамон раисони вилоятҳои Суғду Боткен ва дигар мақомоти расмӣ аз ҷониби ҳар ду кишвар ҳузур доштаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.