17.9 C
Dushanbe

Кабирӣ: Наҳзат ҳечгоҳ нақши қурбониро дар ин таомулот намепазирад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳечгоҳ ҳизбаш дар таомулоти сиёсии кишварҳои Русия, Эрон ва Тоҷикистон нақши қурбонро намепазирад.

Раиси ҲНИТ рӯзи 17-уми сентябр бо интишори паёме дар ҳисоби тивиттериаш навишт, ки Русия Наҳзатро террористӣ эълон кард ва як рӯз пас аз он Эрон узви доимии Шанхай шуд, вале ба амалкарди Русия ҳеч вокунише нишон надод.

“Як рӯз қабл аз нишасти Шонгҳой Русия Наҳзати исломии Тоҷикистонро террорист эълон кард. Ҳамон рӯз Эрон расман узви ин созмон шуд ва ҳеч вокунише ба иқдоми шарики стротежики худ нишон надод.”, менависад Кабирӣ.

Ӯ дар идома афзуда, ки “Наҳзат ҳечгоҳ нақши қурбониро дар ин таомулот намепазирад, балки муборизаро бо шинохт ва воқеиятҳои нав, ҷиддитар идома хоҳад дод.

Вокуниши Кабирӣ ба хомушии давлати Эрон ҳамчун кишвари кафили сулҳи тоҷикон дар ҳолест, ки Русия 14-уми сентябри соли ҷорӣ бо талаби мақомоти Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар қаламрави худ “ташкилоти террористӣ” эътироф кард.

Раҳбаиятри ҲНИТ таъкид мекунад, ки бо вуҷуди он ки ин ҳизб дар Русия фаъолият надорад, вале террористӣ эътироф шудани он дар ин кишвар мушкилоти бе ин ҳам зиёди муҳоҷирони тоҷикро даҳчанд хоҳад кард. Ва минбаъд дилхоҳ муҳоҷир метавонад бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз ин ҳизб зиндонӣ шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Музокироти Амрико ва Эрон чӣ натиҷа медиҳад, ҷанг ё сулҳ?

Гуфтушунидҳои ғайримустақим байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар ҳоли ҳозир дар ҳолати ҳассос қарор доранд.

Дидору гуфтугӯҳои ҳайати ПМТ бо мақомоти расмии Литва

Ҳайати ПМТ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ зимни як сафарии кории серӯза дар шаҳри Вилнюси Литва бо мақомоти расмӣ, расонаҳо ва тоҷикони ин кишвар дидор доштанд.

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Microsoft ва Google дар самти ИИ 

Дар Ҳиндустон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо намояндагони ширкатҳои “Google DeapMind” ва “Microsoft” дар самти зеҳни сунъӣ дидор кард.

Боз як узви фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Туркия боздошт шуд

Фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" Фирӯз Бобоев (маъруф ба Зайд Бобоев) боз аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт шуд.