13.9 C
Dushanbe

Қатъи фаъолияти 8 посгоҳ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон

25-уми сентябри соли ҷорӣ, раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи хотима бахшидани муноқишаи марзиро имзо карданд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, ин протокол зимни дидору гуфтушуниди раисони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар гузаргоҳи “Қизил-Бел” ба имзо расидааст.

Пас аз ба имзо расидани протокол, ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки ҳама бандҳои протоколи имзошуда амалӣ шуда, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар марзи ду кишвар барқарор хоҳад шуд.

Инчунин раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар бо хабарнигорон суҳбат кардаанд.

Саймумимин Ятимов дар муроҷиат ба расонаҳо гуфтааст, ки “мо бояд дар истифодаи калимаҳо хеле эҳтиёткор бошем. Ҳар як сухан метавонад зарар расонад”.

Дар идома ӯ қайд карда, ки “Агар протоколу хуҷҷатхои имзошударо қатъиян риоя кунем, ба сарзамини тоҷику қирғиз сулҳ меояд”. Аммо ӯ дар бораи аз байн бурдани 8 постгоҳи марзӣ шарҳи бештаре надод.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи протоколи имзошуда ягон ҷузъиёти дигар надодааст, вале раҳбари КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба хабарнигорон гуфт, ки дар қисми аввали протокол гуфта мешавад, ки барои ҷилавгирӣ аз низоъҳо дар оянда тасмим гирифта шуд, ки посгоҳҳои сарҳадӣ, ки ҳамвора боиси низоъ мешаванд, бардошта шаванд.

“Аввал, посгоҳи марзии “Бедак” аз ҷониби Тоҷикистон ва “Тамдиқ” аз тарафи Қирғизистон. Дар онҷо на сарбозон хоҳанд буд, на мардуми одӣ. Дувум, посгоҳи “Булоқбошӣ” аз Қирғизистон ва посгоҳи “Кех” аз Тоҷикистон. Сипас гузаргоҳи “Қарочиқум” ва “Шаршен” аз Тоҷикистон ва “Катта-Туз” ва “Дача” аз Қирғизистон” – гуфт Ташиев.

Инчунин таъкид мешавад, ки тибқи ин протокол бояд фаъолияти кори Комиссияи демаркатсия ва делимитатсияи суръат бахшида мешавад.

Ташиев изҳори умедворӣ кард, ки тамоми праблемаҳо ҳал мешаванд ва таъкид кард, ки “Мо, ҷониби Қирғизистон, тибқи тамоми бандҳои дар ин протокол нишондодашуда амал мекунем”.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам ҳудуди 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол қисме аз он аломатгузорӣ нашудааст ва ин боиси сар задани низоъҳо дар марз шудааст.

Дар ҳодисаҳои хунини ахир, рӯзҳои 14-17 моҳи сентябри соли ҷорӣ дар манотиқи наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда 100 нфар кушта ва садҳо захмӣ ба ҷо гузоштааст. Дар ин даргириҳо ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози танишҳо муттаҳам карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.