Ҷаримаи 29 паноҳандаи афғон аз ҷониби ВКД-и Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 29 шаҳрванди Афғонистонро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон ҷарима кардааст.

Аз маркази матбуоти ВКД ба “Asia-Plus” гуфтаанд, ки шаҳрвандони Афғонистонро ҷарима бастаанд, аммо ихроҷи шаҳрвандони ин кишварро рад ва ё таъйид накарда, гуфтаанд, ки ихроҷи онҳо ба ВКД рабте надорад.

“Нисбати қоидавайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ кардем. Онҳо вобаста ба кирдори хеш ҷаримабандӣ мешаванд ва ҳаҷми ҷарима низ ба кирдори онҳо вобаста аст”, – гуфтанд аз ВКД.

Ҷарима бастани шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон аз ҷониби ВКД дар ҳолест, ки чанде пеш расонаҳо аз ихроҷи иҷбории беш аз 200 шаҳрванди Афғонистон, ки баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар Тоҷикистон паноҳанда шуданд, хабар дода буданд.

Он замон муҳоҷирони афғонистонӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буданд, ки онҳоро аз кӯчаву хонаҳояшон боздошт карда, ба марз мебаранд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, аксаран кормандони пулис ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ паноҳандагонро боздошта ва мустақим то лаби марз мебаранду ба Афғонистон ихроҷ мекунанд.

Пас аз нашри ин хабарҳо, Намояндаи Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевди бо мақомоти тоҷик мулоқот анҷом дод. Инчунин бо нашри изҳороте аз ин ҳолатҳо ибрози нигаронӣ намуда, аз Тоҷикистон хоста буд, ки афғонистониҳоро ба ватанашон ихроҷ накунанд.

Дар пасманзари ихроҷи паноҳандагони Афғонистон, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш низ ду маротиба бо Раҳмон телефонӣ суҳбат кард, ки ба гуфтаи коршиносон, суҳбатҳо бештар ба масъалаи паноҳандагон рабт доштааст.

Баъд аз сари қудрат омадани Толибон афғонҳои зиёде аз тарси ҷон ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, ки шуморашон он замон то 10 ҳазор гуфта мешуд, вале ҳоло тибқи оморҳои ғайрирасмӣ то 3-4 ҳазор боқӣ мондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти гурӯҳре, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол додаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба хариди силоҳ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.