Вуқуи инфиҷор дар дохили Вазорати дохилаи Афғонистон

Имрӯз чоршанбе, 5-уми октябр дар масҷиди Вазорати дохилаи Афғонистон инфиҷор ба вуқуъ пайваст, ки бар асари он чанд нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ин таркиш ҳангоме сурат гирифта, ки кормандони Вазорати дохила барои адои намоз онҷо ҷамъ омада буданд.

Ба гузориши “Афғонистонинтернашнл“, сухангӯи Вазорати дохилаи Толибон Абдунофеъ Такур вуқуи ин инфиҷорро дар дохили масҷиди вазоратхона таъйид карда, вале аз шумори захмиёну кушташудагон ва ҷузъиёти он чизе нагуфтааст.

Дар ҳамин ҳолӣ шабакаи арабии “Ал-Ҷазира” бо такя ба як манбаъ аз ниҳодҳои амниятии Толибон иттилоъ дод, ки бар асари ин таркиш 25 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шудааст. Вале худи Толибон дар ин бора то ҳол омори дақиқе ба расонаҳо нагуфтаанд.

Ҳамчунин маълум нест, ки аз кормандони болоии ин вазорат касе кушта ва захмӣ шудааст ё на.

То ҳол масъулияти ин ҳамла дар дохили вазоратхонаи Толибонро касе ба дӯш нагирифтааст. Аммо аксари ҳамлаҳои қаблиро дар ин кишвар гурӯҳи ДИИШ ба дӯш гирифта буд.

Ин дар ҳолест, ки Вазири корҳои хориҷаи Афғонистон Амрихон Муттақӣ як рӯз пеш аз ин таркиш дар мулоқот бо Намояндаи Аврупо дар умури Афғонистон Томас Никлассон гуфта буд, ки ДИИШ дар ин кишвар “зарбаи сахте” хӯрдааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳашт кишвари арабӣ ва исломӣ Исроилро маҳкум карданд

Вазирони корҳои хориҷии ҳашт кишвари арабӣ ва мусулмонӣ аз Исроил хостанд, ки ба иҷрои нақшаи таҳияшудаи ИМА барои хотима додан ба ҷанг дар Ғазза монеъ нашавад.

Ҷасади 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар сардхонаҳои Ростов-на-Дону

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ҷасади 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз сардхонаҳои шаҳри Ростов-на-Дону-и Русия нигоҳдорӣ мешаванд.

Бузургтарин ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав аз оғози ҷанг

Украина шаби 17 ба 18-уми августи соли 2026 яке аз густардатарин ҳамлаҳои паҳподии худро аз оғози ҷанг ба самти Маскав анҷом дод.

Дар Русия мехоҳанд шумораи муҳоҷиронро маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод карданд, ки сиёсати муҳоҷиратӣ боз ҳам сахттар ва шумораи хориҷиён то 3 миллион кам карда шавад.