18.8 C
Dushanbe

Супоришҳои Раҳмон ба раисони ноҳияҳо

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 21-уми октябр ба раисони навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳ, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод супориш дода, ки барои зимистонгузаронӣ маводи сӯхт ҷамъоварӣ кунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент Раҳмон зимни суҳбат ҳисоботи раисони ноҳияҳоро оид ба ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаю меваҳо шунида, ба онҳо барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани маҳсулоти кишоварзӣ супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта мешавад, дар ин суҳбатҳои телефонӣ Раҳмон дар мавриди омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ва бо маводи сӯхт таъмин намудани муассисаҳои иҷтимоӣ дастур додааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле барои омодагии ҳамаҷониба ба зимитони дарпешистода ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур медиҳад, ки солҳои гузашта баъд аз дастурҳояш мактабҳои деҳҳаҳои дурдаст, ҳатто баъзе мактабҳову боғчаҳои шаҳру ноҳияҳо бо маводи сӯхт таъмин нашуда буданд ва хонандгон дар синфҳои сард маҷбур буданд дарс хонанд.

Ҳамчунин дастури Раҳмон ба раисони ноҳияҳои кӯҳистонӣ барои ҷамъоварии маводи сӯхт ва омодагии ҳамаҷониба барои гузарондани зимистон дар ҳолест, ки аллакай фасли тирамоҳ аз нисф гузаштаасту дар кӯҳистонҳо, ки ҳоло барқ нест, то ҷое зимистон ҳукмфармост. Ба гуфтаи мардуми ин навоҳӣ, чунин дастуру супоришҳо ба раисони “хоболуд”, ки хонаҳояи худашон гарм аст, бояд аз тобистон дода мешуд, то дар фикри мардум мешуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп дар хитоб ба Натанёҳу: “Ту девона шудаӣ”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар як тамоси телефонӣ Бинёмин Натанҳоё, нахуствазири Исроилро бо лаҳни тунд сарзаниш кардааст.

Муаллимро заданд ва алайҳаш парванда боз карданд

Мақомот бар зидди омӯзгоре, ки аз ҷониби бародари шогирдаш мавриди латтукӯб қарор гирифта ва шикоят карда буд, парвандаи маъмурӣ боз кардаанд.

Боронҳои шадид ба шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ осеб расонданд

Рӯзи 1-уми июн бар асари бориши шадиди борон дар километрҳои 138 то 143-и шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ селоб рух дода, ҳаракатро мушкил сохт.

Нархи семент дар бозорҳои Тоҷикистон арзон шуд

Нархи семент дар бозорҳои Тоҷикистон пас аз болоравии бесобиқа дар рӯзҳои охир каме коҳиш ёфтааст.