20.9 C
Dushanbe

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш 62% иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар 20 рӯзи аввал 62 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати дифои Тоҷикистон, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артишро мисли мавсимҳои пеш иҷро карданд.

Ноҳияҳои тобеи марказ дар давоми 20 рӯз аз аввали даъвати тирамоҳӣ 70 дарсади нақшаи даъватро ба анҷом расонда, дар Душанбе ин нишондод 67%, дар вилояти Хатлон 63% ва вилояти Суғд 50%-ро ташкил дод.

Аз оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш беш аз 20 шаҳру навоҳии кишвар нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон аз 1-уми октябри оғоз шуда, то 30-уми ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Вазорати дифоъ дар ҳоле аз 62 дарсад иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш хабар медиҳад, ки чанде пеш хабари марги Шоҳрух Маҳкамови 19-сола, ки дар қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Мурғоби Бадахшон адои хидмат мекард, нашр шуда буд.

Мақомот мегӯянд, ӯ бар асари беморӣ даргузаштааст, аммо падару модараш бар ин боваранд, ки писарашон дар натиҷаи лату кӯб ҷон додааст.

Бадрафторӣ бо сарбозон ва кушта шудани ҷавонон бар асари лату кӯб дар қимсҳои низомии кишвар, боиси гурезон шудани ҷавонон аз артиш гаштааст. Мақомот барои пур кардани сафи артиш ҷавононро аз хонаву кӯчаҳо ва ҳатто аз назди донишгоҳҳо боздошт карда ва онҳоро зӯран ба артиш мебаранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.

СММ: Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ мезанад

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд.