27.9 C
Dushanbe

Фаъолияти WhatsApp дар саросари ҷаҳон беш аз як соат қатъ шуд

Имрӯз, 25 октябри соли 2022, дар аксари кишварҳои дунё корбарони WhatsApp шикоят карданд, ки ин паёмрасон ногаҳон аз кор мондааст.

Бино ба иттилои пойгоҳи “Downdetector“, (ин пойгоҳ фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро назорат ва аз қатъи фаъолияташон гузориш медиҳад), WhatsApp аз соати 8:40 ба вақти Бритониё дар саросари дунё аз фаъолият боз мондааст.  

Таврк шабакаи “SkyNews” хабар медиҳад, масъулини платформа Мета, ки молики WhatsApp аст, гуфтаанд, мо аз мушкили ба вуҷудомада огоҳ ҳастем ва талош дорем ҳарчи зудтар ин мушлиро бартараф кунем. Аммо иллати ин мушкилӣ гуфта нашудааст.

Бо қатъ шудани бештар аз як соат ин паёмрасони ҷаҳонӣ дигарбора фаъол шуд.

WhatsApp як барномаест, ки ба Meta тааллуқ дорад. Ин барнома ба корбар имкон медиҳад паёмҳо, зангҳо, аксҳо, видеоҳо, ҳуҷҷатҳо ва паёмҳои овозиро ирсол ва қабул кунед.

Ин паёмрасон яке аз маъмултарин платформаҳои паёмрасонӣ буда ва мақараш дар Бритониёи Кабир аст. Шумори корбарони фаъоли ин паёмрасон дар саросари ҷаҳон беш аз ду миллиард гуфта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Озодии ду узви собиқи раёсати олии ҲНИТ

Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов, ду узви собиқи раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон озод шуданд.

Густариши ҳамлаҳои Исроил ба дохили Лубнон

Танишҳо низомӣ миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон шиддат гирифтааст.

Парвозҳои Теҳрон – Душанбе баъд аз се моҳи таваққуф аз сар гирифта шуданд

Парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе пас аз се моҳи таваққуф дубора барқарор гардиданд.

Дар Душанбе зане, ки манзили иҷораро ба нашъахона табдил дода буд, дастгир шуд

Шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД-2) дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ошкор шудани як макони махсуси нашъамандон хабар дод.