Рӯзҳои 27 ва 28-уми октябри соли ҷорӣ дар Риёз пойтахти Арабистони Саудӣ бо ташаббуси Ҳайати саргармии ин кишвар ҷашни “Ҳелловин” баргузор шуд, ки вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.
Баргузории ҷашни “Ҳелловин” дар пойтахти Аарбистони Саудӣ дар ҳолест, ки ин кишвари мусалмонӣ солҳо доир намудани ҳар навъи ҷашнеро, ки ба шариати исломӣ мувофиқ набуд, ба шиддат маҳкум мекард ва ҳатто ба омилони он ҷазо ҳам таъйин мешуд.
Аммо имсол Ҳайти саргармии Саудӣ зери номи “Охири ҳафтаи тарснок” “Ҳоллевин”-ро, ки ҳечгоҳ дар ин кишвар баргузор намешуд, бо як дабдабаи хос доир кард. Мардум дар макони баргузории ин ҷашн либосҳои тарснок ва шаклҳои ваҳшатангезе аз худ ба намоиш гузоштанд.
Иқдоми Арабистони Сақдӣ дар баргузории ин ҷашн аз ҷониби аксари мусалмонони дунё мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Аксар бар ин назаранд, ки Арабистони Саудӣ ба далели хсотгоҳи Ислом ва вуҷуди Каъбаву Мадинаи Мунаввара – ду макони муқаддас барои тамоми мусалмонони дунё, набояд ба чунин корҳое даст бизанад.
Дар ҳамин ҳол Ғоним Ад-Дусарӣ, яке аз мухолифони ҳукумати Арабистони Саудӣ дар ҳисоби тивиттераш менависад, ки “Чаро Ҳайтаи кибори уламо (Ҳайати олимни барҷастаи Саудӣ) баргузории ҷашни “Ҳелловин”-ро ҳалолу ҷашни милоди Паёмбарро ҳарром мегӯянд?
Аммо баъзе корбарон мегӯянд, олимони зиёде дар Арабистони Саудӣ вуҷуд доранд, ки аз баргузории чунин ҷашнҳо ба шиддат норозиянд, вале бархӯрди шадиди ҳукумати Муҳаммад бин Салмон бо олимони дин онҳоро тарсондааст, ки хомӯширо пеш гирифтаанд.
Ҳамзамон баъзе наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, ки ҳукми шаръии баргузории ҷашни “Ҳелловин” аз олимони динӣ пурсида мешавад, ки онро ноҷоиз медонанд. Аз ҷумла, Шайх Солеҳ Фавзон, яке аз олимони шинохтаи ин кишвар онро ноҷоиз дониста, аз мардум мехоҳад дар чунин маҳфилҳо ширкат накунанд.
Баъзе аз ҷонибдорон ва иштироккунандагон дар ин маросими дурӯзаи Риёз мегӯянд, ин ҷашн аз ҷашни “Ҳклловин”-е, ки дар кишварҳои ғарбӣ рӯзи 31-уми октябр барои ёди мурдагон баргузор мешавад ва маҳсули каду яке аз рамзҳои асосии он аст, фарқ дорад. Ба гуфтаи онҳо ин ҷашн “Охири ҳафтаи тарснок” ном дошта, мардум барои дур кардани тарсу ваҳшати дарунӣ либосҳои тарснок мепӯшанд, вале худи “Ҳелловин” нест.
Ёдовар мешавем, ки Ҳайати саргармии Саудӣ бо номи “Ҳайти тарфеҳ” соли 2016 таъсис ёфта, яке аз барномаҳои муҳим ва стратегии “Чашмандози 2030”-и Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар мебошад.
Пеш аз ин “Ҳайтаи амри маъруфу наҳйи мункар” фаъолият мекард, пас аз бастани он билофосила “Ҳайати саргармӣ” таъсис ёфт ва ба воситаи он баргузории ҷашнҳое, ки дар ин кишвар мамнуъ буданд, иҷозат шуд ва ҳамасола чандин ҷашнҳо ва консертҳо бо ҳузури ситораҳои ҷаҳонӣ баргузор мешавад, ки дар сатҳои гуногун вокунишҳои зиёдеро барпо мекунад.
Гуфта мешавад, ин амал агарчи дар дохили худи Арабистони Саудӣ мардуми зиёдеро ғазабнок карда ва онро қабул надоранд, вале аз сӯи дигар ҷонибдорони зиёде низ дорад, ки мегӯянд, онҳо шод зистан мехоҳанд ва ин ҷашнҳоро муҳим арзёбӣ мекунанд.