12.9 C
Dushanbe

Мақомот: Сарбоз биёред барқро медиҳам, набошад барқ нест

Дар баъзе ҷамоату деҳоти Тоҷикистон масъулони комиссариятҳои ҳарбӣ дар ҳамдастӣ бо дигар мақомот барқро аз мардум қатъ карда, талаб доранд, ки ба онҳо сарбоз биёранд ва дар акси ҳол барқ дода намешавад.

Рӯзи 1-уми ноябр як манбаъ аз ноҳияи Кӯшонинён (собиқ Бохтар)-и вилояти Хатлон, ки нахост номи худ ва номи деҳааш фош шавад, ба Azda tv хабар дод, ки мақомоти ноҳия бо масъулони комиссарияти ҳарбӣ ба масҷиди деҳаашон омада, ба намозгузорон ва бузургсолони деҳа гуфтаанд, ки то се сарбоз наоред, барқро равшан намекунем. Аммо, чанде пас омада боз бо мардум ҷаласаи умумӣ ташкил карданду аз ҳар масҷид барои барқарор кардани барқ 10 ҳазор сомонӣ талаб карданд.

Ба гуфтаи манбаи Azda tv, ин ҳолат дар баъзе даҳаҳои шаҳри Бохтар низ сурат гирифтааст. Ӯ мегӯяд: “Ҳоло мақомот роҳи нави пулкоркуниро омӯхтаанд. Агар сарбоз нарасад, барқи ҳамаро хомӯш мекунанд ва мегӯянд, фарзандонатонро ба артиш биёред, аммо каме баъдтар худашон боз омада ин қарорашонро бар ивази пул бекор мекунанд ва аз ҳар масҷид то 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, сипас барқро медиҳанд. Яъне, муфт соҳиби пул мешаванд.

Дар ҳамин ҳол як манбаи дигар аз ноҳияи Вахш низ ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд, ки “дар тарафҳои мо ҳоло пул талаб накарданд, вале чанд бор мешавад, ки барқро бедалел чанд рӯзӣ хомӯш мекунанд. Вақте муроҷиат кардем, масъулон гуфтанд, то ҳама деҳаҳо сарбозонро ба артиш нафиристанд, барқ дода намешавад. Аммо, бо миёнарваии бузургсолони деҳа ва ҷанҷолҳои зиёд барқро доданд.

Аммо ин ҳолат дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷорӣ ҳаст ё не, Azda tv натавонист аз дигар манобеъ тасдиқ кунад. Аз ин рӯ, аз ҳамватанони азиз хоҳиш мешавад, ки агар чунин ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои онҳо низ ҷорӣ бошад, барои такмили хабар ба унвонии мо иттилоъ бидиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Покистону Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳуқуқиро тақвият мекунанд

Покистону Тоҷикистон тасмим доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ густариш диҳанд.

Қатли бераҳмонаи ду хоҳар ва як кӯдак дар Кӯлоб

Шаби 2-уми апрели соли ҷорӣ ду зан ва як кӯдаки шашсола дар шаҳри Кӯлоб кушта шуданд.

Марги як наваскар дар роҳ ба сӯи Душанбе

Рӯзи 2-юми апрел дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари канда шудани сангпора аз кӯҳ ва бархӯрди он ба автобусе, ки наваскаронро интиқол медод, як ҷавон ҷон бохтааст.

ВКД Қирғизистон: зарари расондаи Тошиев ба иқтисоди Қирғизистон беш аз 4,1 млрд аст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳаҷми зараре, ки вакили собиқи парлумон Шаирбек Ташиев ба иқтисоди ин кишвар расондааст, эълон кард.