Мақомот: Сарбоз биёред барқро медиҳам, набошад барқ нест

Дар баъзе ҷамоату деҳоти Тоҷикистон масъулони комиссариятҳои ҳарбӣ дар ҳамдастӣ бо дигар мақомот барқро аз мардум қатъ карда, талаб доранд, ки ба онҳо сарбоз биёранд ва дар акси ҳол барқ дода намешавад.

Рӯзи 1-уми ноябр як манбаъ аз ноҳияи Кӯшонинён (собиқ Бохтар)-и вилояти Хатлон, ки нахост номи худ ва номи деҳааш фош шавад, ба Azda tv хабар дод, ки мақомоти ноҳия бо масъулони комиссарияти ҳарбӣ ба масҷиди деҳаашон омада, ба намозгузорон ва бузургсолони деҳа гуфтаанд, ки то се сарбоз наоред, барқро равшан намекунем. Аммо, чанде пас омада боз бо мардум ҷаласаи умумӣ ташкил карданду аз ҳар масҷид барои барқарор кардани барқ 10 ҳазор сомонӣ талаб карданд.

Ба гуфтаи манбаи Azda tv, ин ҳолат дар баъзе даҳаҳои шаҳри Бохтар низ сурат гирифтааст. Ӯ мегӯяд: “Ҳоло мақомот роҳи нави пулкоркуниро омӯхтаанд. Агар сарбоз нарасад, барқи ҳамаро хомӯш мекунанд ва мегӯянд, фарзандонатонро ба артиш биёред, аммо каме баъдтар худашон боз омада ин қарорашонро бар ивази пул бекор мекунанд ва аз ҳар масҷид то 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, сипас барқро медиҳанд. Яъне, муфт соҳиби пул мешаванд.“

Дар ҳамин ҳол як манбаи дигар аз ноҳияи Вахш низ ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд, ки “дар тарафҳои мо ҳоло пул талаб накарданд, вале чанд бор мешавад, ки барқро бедалел чанд рӯзӣ хомӯш мекунанд. Вақте муроҷиат кардем, масъулон гуфтанд, то ҳама деҳаҳо сарбозонро ба артиш нафиристанд, барқ дода намешавад. Аммо, бо миёнарваии бузургсолони деҳа ва ҷанҷолҳои зиёд барқро доданд.“

Аммо ин ҳолат дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷорӣ ҳаст ё не, Azda tv натавонист аз дигар манобеъ тасдиқ кунад. Аз ин рӯ, аз ҳамватанони азиз хоҳиш мешавад, ки агар чунин ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои онҳо низ ҷорӣ бошад, барои такмили хабар ба унвонии мо иттилоъ бидиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ИМА як шаҳрванди Тоҷикистонро барои мусоидат ба харидории силоҳи зиддиҳавоӣ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...