Сенаторони амрикоӣ ба Раҳмон: Хушунатро алайҳи журналистон бас кунед!

Ду сенатори амрикоӣ бо навиштани нома ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҳабси худсарона ва афзоиши таъқибу хушунат алайҳи хабарнигорон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд.

Ин нома рӯзи 1-уми ноябр аз ҷониби Ҷим Риш, сенатори баландпоя ва Боб Менендез, раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Сенати Амрико навишта шудаааст.

Онҳо дар нома навиштаанд, ки “Шиддат гирифтани саркӯбҳои охир алайҳи рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил, бахусус ҳамкорони бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, боиси нигаронии амиқи мо шуд.”

Сенаторони амрикоӣ дар идома мегӯянд, “ҳабси худсарона, таъқиб бо ангезаҳои сиёсӣ ва таъқиби хушунатомези кормандони Радиои Озодӣ ғайри қобили қабул аст. Ин вазъ ба халалдор шудани пешравие, ки кишварҳои мо барои равобити наздиктар ва судманд ба даст овардаанд, таҳдид мекунад”.

Инчунин дар ин нома сенаторони амрикоӣ аз 30 соли ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон ёдовар шуда, навиштаанд, ки “ИМА саъй кардааст, ки шарики қавӣ барои Тоҷикистон бошад ва манфиатҳои умумии мо, аз ҷумла субот ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро пеш барад”.

Дар идома Ҷим Риш ва Боб Менендез ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки “мақомоти Тоҷикистон уҳдадориҳои шуморо дар мавриди озодии баён ва озодии матбуот иҷро накардаанд”.

Дар ин нома ҳамчунин аз Эмомалӣ Раҳмон хоста шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳама гуна хушунату таҳдидро ба зидди журналистон бас кунад ва рӯзноманигоронеро, ки беасос дастгир шудаанд, озод кунанд ва иттиҳомҳои зидди онҳоро бекор намуда, дастрасияшонро ба вакилони мудофеъ ва имкони иртиботро бо оилаҳояшон таъмин кунанд.

Сенаторони амрикоӣ ёдрас шудаанд, ки соли 2019 низ дар пайванд ба “аккредитатсия” ё парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ба раиси ҷумҳур нома фиристода буданд. “Интизори посухи фаврӣ ҳастем,” – афзудаанд онҳо.

Ин нома сенаторони амрикоӣ дар ҳоле навишта шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон фишор болои хабарнигоронро бештар карда, дар чанд моҳи охир чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ (7.5 соли зиндон), Далери Имомалӣ (10 соли зиндон), Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ (7 соли зиндон), Муҳаммади Султон (7 соли зиндон) Улфатхоним Мамадшоева ва чанд нафари дигарро боздошту зиндонӣ карданд.

Боздошти ин рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифт. Ва номаи сенаторони амрикоӣ мисли дигар талабҳои созмонҳо нодида гирифта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эълони нав: “Роғун” чор сол дертар ба анҷом мерасад

Барои пурра ба анҷом расонидани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" Тоҷикистон ҳанӯз ба 5,8 миллиард доллар маблағи иловагӣ ниёз дорад.

Арабистони Саудӣ аз китобҳои дарсияш масоили марбут ба Фаластин ва Қудсро пок кард

Дар китобҳои дарсии мактабҳои Арабистони Саудӣ солҳои охир тағйироти назаррас дар мавриди тасвири яҳудиён, Исроил ва ҳаракати саҳюнизм мушоҳида мешавад.

Ҳашт кишвари арабӣ ва исломӣ Исроилро маҳкум карданд

Вазирони корҳои хориҷии ҳашт кишвари арабӣ ва мусулмонӣ аз Исроил хостанд, ки ба иҷрои нақшаи таҳияшудаи ИМА барои хотима додан ба ҷанг дар Ғазза монеъ нашавад.

Ҷасади 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар сардхонаҳои Ростов-на-Дону

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ҷасади 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз сардхонаҳои шаҳри Ростов-на-Дону-и Русия нигоҳдорӣ мешаванд.