28.9 C
Dushanbe

Сенаторони амрикоӣ ба Раҳмон: Хушунатро алайҳи журналистон бас кунед!

Ду сенатори амрикоӣ бо навиштани нома ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҳабси худсарона ва афзоиши таъқибу хушунат алайҳи хабарнигорон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд.

Ин нома рӯзи 1-уми ноябр аз ҷониби Ҷим Риш, сенатори баландпоя ва Боб Менендез, раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Сенати Амрико навишта шудаааст.

Онҳо дар нома навиштаанд, ки “Шиддат гирифтани саркӯбҳои охир алайҳи рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил, бахусус ҳамкорони бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, боиси нигаронии амиқи мо шуд.”

Сенаторони амрикоӣ дар идома мегӯянд, “ҳабси худсарона, таъқиб бо ангезаҳои сиёсӣ ва таъқиби хушунатомези кормандони Радиои Озодӣ ғайри қобили қабул аст. Ин вазъ ба халалдор шудани пешравие, ки кишварҳои мо барои равобити наздиктар ва судманд ба даст овардаанд, таҳдид мекунад”.

Инчунин дар ин нома сенаторони амрикоӣ аз 30 соли ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон ёдовар шуда, навиштаанд, ки “ИМА саъй кардааст, ки шарики қавӣ барои Тоҷикистон бошад ва манфиатҳои умумии мо, аз ҷумла субот ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро пеш барад”.

Дар идома Ҷим Риш ва Боб Менендез ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки “мақомоти Тоҷикистон уҳдадориҳои шуморо дар мавриди озодии баён ва озодии матбуот иҷро накардаанд”.

Дар ин нома ҳамчунин аз Эмомалӣ Раҳмон хоста шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳама гуна хушунату таҳдидро ба зидди журналистон бас кунад ва рӯзноманигоронеро, ки беасос дастгир шудаанд, озод кунанд ва иттиҳомҳои зидди онҳоро бекор намуда, дастрасияшонро ба вакилони мудофеъ ва имкони иртиботро бо оилаҳояшон таъмин кунанд.

Сенаторони амрикоӣ ёдрас шудаанд, ки соли 2019 низ дар пайванд ба “аккредитатсия” ё парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ба раиси ҷумҳур нома фиристода буданд. “Интизори посухи фаврӣ ҳастем,” – афзудаанд онҳо.

Ин нома сенаторони амрикоӣ дар ҳоле навишта шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон фишор болои хабарнигоронро бештар карда, дар чанд моҳи охир чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ (7.5 соли зиндон), Далери Имомалӣ (10 соли зиндон), Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ (7 соли зиндон), Муҳаммади Султон (7 соли зиндон) Улфатхоним Мамадшоева ва чанд нафари дигарро боздошту зиндонӣ карданд.

Боздошти ин рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифт. Ва номаи сенаторони амрикоӣ мисли дигар талабҳои созмонҳо нодида гирифта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.