Зеленский: Укараина дар партоби мушакҳо ба Лаҳистон муқассир нест

Владимир Зеленский мегӯяд, ки мақомоти баландпояи кишвараш ба вай итминон додаанд, ки дар таркиши мушкаҳо дар хоки Лаҳистон Украина муқассир нест.

Бино ба иттилои ББС, Президенти Украина гуфтааст, фармондеҳони аршади артиши Украина ӯро итминон доданд, ки омили ин таркиши “мушаки мо набудааст”.

Владимир Зеленский ҳамчунин аз мақомоти Лаҳистон хостааст, ки ба коршиносони украинӣ иҷоза диҳанд, то ба маҳалли таркиш ворид шаванд ва дар тафтишот ширкат кунанд.

Ин изҳороти ҷаноби Зеленский дар ҳоле садо дода, ки дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфта буд, ки дар таркиши мушакҳо дар хоки Лаҳистон “ба эҳтимоли зиёд” мушакҳои Шабакаи дифои ҳавоии Украина муқассир будаанд.

Ҳамзамон дирӯз, Президенти Лаҳистон Анджей Дуда ва Нахуствазири ин кишвар Матеуш Мароветский баъд аз нишасти Шӯрои амнияти миллӣ дар як нишасти матбуотӣ якҷо ширкат карда гуфтанд, ки ҳеч нишона ва аломатҳоеро пайдо накардаанд, ки дар ҳодисаи рӯзи сешанба “қасдан ба хоки Лаҳистон ҳамла сурат гирифта бошад.”

Гуфта мешавад, асри рӯзи 15-уми ноябр ду мушак ба қаламрави Лаҳистон исобат карда, ду нафар кушта шуда буд ва гуфта мешуд, ки Русия онҳоро партоб кардааст. Аммо худи Кремлин низ ин иддаоро рад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабиб Нурмагомедов: Ба далели ҳимоят аз Фаластин сарпарастонро аз даст додем

Ҳабиб Нурмагомедов мегӯяд, ба сабаби ҳимоят аз Фаластин ва...

Кушта шудани як зодаи Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина

Дар ҳамлаи паҳподии шаби 9-ум ба 10-уми август ба шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористони Русия як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд.

Додгоҳи Сурия Башор Асадро ба қатл маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноятии Сурия собиқ президенти ин кишвар Башор Асадро ғоибона ба ҷазои қатл маҳкум кард.

Низоми нав: Агар муҳоҷир андозро напардохт накунад, патенташ автоматӣ бекор мешавад

Дар Русия низоми нави ба таври худкор беэътибор донистани патенти кории шаҳрвандони хориҷӣ ба кор оғоз кард.