13.9 C
Dushanbe

Афзоиши сатҳи талоқ дар Тоҷикистон. Иллат чист?

Аз аввали соли 2022 танҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон 21 ҳазору 163 ақди никоҳ баста шуда, 3 ҳазору 54 ақди никоҳи дигар бекор карда шудааст.

Яъне дар давоми камтар аз як сол танҳо дар як вилояти кишвар нисбат ба омори ақдҳои басташуда, 14,5 дарсадаш аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин оморро коршиносон нигаронкунанда мегӯянд.

Тавре Pressa.tj бо такя ба маълумоти шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон хабар дод, омори талоқ дар вилояти Хатлон нисбати ҳамин давраи соли гузашта 393 ҳолат зиёд мебошад.

“Аз шумораи умумии ҷудошавии оилаҳо 2 ҳазору 528 ақди никоҳ бо қарори суд бекор карда шудааст. Боқимонда бо розигии ҳамсарон ва бо аризаи яке аз ҳамсарон ақди никоҳи хешро бекор кардаанд.”, омадааст дар гузориши ин расона.”

Гуфта мешавад, аз ин шумори оилаҳо (3 ҳазору 54)-е, ки барҳам хӯрдаанд, 3 ҳазору 490 кӯдаки ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мондаанд. “Аз ҷамъи умумии кӯдаконе, ки падару модарашон аз ҳам ҷудо шудаанд, 3 ҳазору 404 кӯдак дар тарбияи модар ва 86 нафари дигар дар тарбияи падаранд.”

Ҳамзамон Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар сомонааш хабар додааст, ки дар давоми ҳафтаи ҷорӣ, яъне аз 5-ум то 9-уми декабр танҳо дар ҳамин ноҳияи пойтахт 16 ақди никоҳ бекор карда мешавад. Ин оморест, ки ба тариқи додгоҳ аз ҳам ҷудо карда мешаванд, аммо шумори онҳое, ки ба додгоҳ муроҷиат намекунанд, шояд аз ин ҳам бештар бошад.

Коршиносони соҳа, афзоиши талоқ дар Тоҷикистонро бештар ба масоили иқтисодӣ, тарзи тарбияи оилаҳои духтару писар ва инчунин султаи хонаводагӣ, яъне дар кӯчактарин кор дахолат кардани хусуру хушдоманҳо рабт медиҳанд.

Равоншиноси тоҷик Маъмуралӣ Аҳмадалӣ дар суҳбат бо Azda tv гуфт, дар ин маврид аз нигоҳи равншиносӣ чанд омилро номбар кардан мумкин аст: “Омили якум, интихоби ҳамсар мебошад. Аксаран дар Тоҷикистон хеле барвақт хонадор мешаванд. Дар интихоб як формуле ҳаст, ки инсонро ба хушбахтӣ мерасонад, шарт ин ки он интихоб оқилона бошад. Барои он ки интихоб интихоби оқилона бошад, бояд шахси интихобкунанда ақлаш ба як ҳадде расида бошад, ки оқилона интихоб карда тавонад, на ин ки бо эҳсос.

Ба назари ин равоншиноси тоҷик яке аз омилҳои дигари ин мушкилии иҷтимоӣ дар набудани меҳру муҳаббат дар байни ҳамсарон буда метавонад. Ӯ ҳамзамон никоҳҳои иҷбориро, ки бештар аз ҷониби хонаводаҳо сурат мегирад, низ яке аз омилҳои аслии сатҳи афзоиши талоқ дар ҷомеа медонад.

Яке аз омилҳои хонавайрониҳо омили иқтисодӣ аст… Вақте зан мехоҳад як хонаи зебо дошта бошад ва вақте мехоҳад ниёзҳояш аз ҷиҳати иқтисодӣ бароварда шавад, аз шавҳараш талаб мекунад ва шавҳараш бо пули мардикорӣ сари вақт наметавонад, ки ниёзҳои ҳамсарашро таъмин кунад ва ҳатто дар чизҳои ҷузъӣ таъмин карда наметавонад, инҳо сабаб мешаванд, ки ҷанг байни онҳо оғоз меёбад ва ба сабаби беқаноатӣ баъзе ҳамсарон рафта-рафта то ба хонавайронӣ бурда мерасонад.” – мегӯяд ин равоншиноси тоҷик.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.