7.9 C
Dushanbe

Сокинону меҳмонони пойтахт аз қарорҳои Рустами Эмомалӣ норозиянд

Сокинони шаҳри Душанбе вобаста ба қарорҳои ахири масъулини пойтахт дар хусуси танзими мошинҳои мусофиркашонӣ, Рустами Эмомалиро гунаҳкор медонанд.

Пас аз оғози “таксишикор” ва барчидани мошинҳое, ки бароришашон то соли 2016 аст ва дар шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул буданд, натанҳо эътирози таксиронҳову сокинони пойтахт, меҳмонон, сайёҳон, балки аз мубаллиғони режими Эмомалӣ Раҳмонро ҳам ба бор овардааст.

Дар ҷамъи касоне, ки ин эътирозҳоро бо шеваҳои мухталиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ ва аз он ҷонибдорӣ мекунанд, иддае аз таблиғгарони сафи пеши ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ба мисли

Ронанадаҳои таксӣ дар шаҳри Душанбе ин дарду нигарониҳои худро на танҳо барои тоҷикистониҳо қисса мекунанд, балки ба бархе меҳмонони хориҷӣ ҳам нақл мекунанд. Барои мисол, рӯзноманигори афғон Мухтор Вафоӣ, ки муқими яке аз кишварҳои аврупоӣ асту чанд рӯзи ахир дар шаҳри Душанбе меҳмон будааст, дар бахше аз ёддоштҳои худ ин қазияро чунин овардааст:

“Ронандаҳои таксӣ дар шаҳри Душанбе ин рӯзҳо андаке асабонианд. Ҳукумат дастур додааст, ки истифода аз мутарҳои тавлидшуда дар қабл аз 2016 мутаваққиф шаванд ва ронанҳои таксӣ, мутарҳои ҷадидеро, ки ба бозор арза шуда, таҳия кунанд. Ронандаҳо бо асабоният мегӯфтанд, тавоноии хариди мутари ҷадид надоранд ва ин судури ин дастур ононро нигарон сохтааст”.

Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ бо вуҷуди имконоти зиёди дар ихтиёр доштанаш тайи беш аз панҷ соли ахир, ки шаҳрдори Душанбе аст, миллионҳо сомониро барои ба танзим ва тартиб даровардани кори нақлиёти ҷамъиятӣ харч кардааст, вале натиҷаи кораш ҳамоно ғайри қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Ба иборати дигар, касе, ки дар панҷ соли кориаш натавониста яке аз мушкилҳои асосии пойтахт, он ҳам ба танзим даровардани нақлиёти ҷамъиятиро сару сомон диҳад, ва ба гуфтаи Сайёфи Мизроб “бояд масъулини ин соҳа куллан иваз шаванд ва ҷои ҷавонҳои “креатив” мудгардида, ҳамун солхӯрдагони даврони шуравӣ, ки хушбахтона, бархе зиндаанд, ба кор ҷалб гарданд. 2х2 аст, агар аз БОЛО амр шавад.”

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.