Баргузории нишасти сарони Иттиҳоди иқтисодии “АвруОсиё” дар Бишкек

Сарони кишварҳи узви Иттиҳоди иқтисодии “АвруОсиё” дар пойтахти Қирғизистон гирди ҳам ҷамъ шуда, дар бораи бурду бохтҳои ин созмон суҳбат мекунанд.

Имрӯз, 9-уми декабри соли 2022 сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии “АвруОсиё” дар шаҳри Бишкек ҷамъ шуда, дар бораи роҳҳои дур задани таҳримҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои худ бо кишварҳои Манголия, Эрон, Индонезия, Миср ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гап мезананд.

Президенти Қазоқистон дар ин нишаст бидуни ном гирифтани Русия дар бораи таъсири манфии таҳримҳо ба кишварҳои узви ин иттиҳодия суҳбат карда, гуфт, бояд ба ин амр аҳамият дода шавад ва роҳҳи бурунрафти онро ҳам ҷӯё шавем. Вай таъкид кард, Қазоқистон ба хотири тавсеи ҳамкориҳо музокироти худро бо Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оғоз мекунад.

Нахуствазири Арманистону Президенти Беларус дар ин нишаст бештар дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ суҳбат карданд, вале раиси ҷумҳури Русия иддао кард, ки таваррум дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии “АвруОсиё” нисбат ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо камтар аст.

Гуфта мешавад, Иттиҳоди иқтисодии “АвруОсиё” кишварҳои Русия, Баларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистонро дар ин бахш бо ҳам муттаҳид мекунад ва кишвари Узбекистон дар ҳоли ҳозир узви нозир дар ин созмон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...