14.9 C
Dushanbe

Фаромуз Иргашев ба 30 соли зиндон маҳкум шуд

Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшинос ва собиқ довталаби номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ ба муҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Дар ин бора Гулчеҳра Акимбекова, ҳамсари Фаромуз Иргашев дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст.

Ҳамсари Фаромуз Иргашев навиштааст, ки зоҳиран 30 соли оянда ва ё “то охири умр” бо суолҳои “чаро ва барои кадом коре” зиндагӣ хоҳад кард. Ӯ афзудааст: “Суолҳое, ки на аз Худованд ва на аз инсоне барои онҳо ҷавоб гирифта наметавонам.”

Маълум нест ҳукми додгоҳ кай эълон шудааст ва ин фаъоли маданиро айнан ба чӣ гуноҳ ва кадом моддаҳои КҶ айбдор кардаанд. Мақомоти кишвар низ дар ин бора чизе намегӯянд.

Пештар аз ин, хабаре нашр шуд, ки гуфта мешуд, Додситонӣ Фаромӯз Иргашевро ба ҷиноятҳои сангин аз ҷумла ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам намуда, аз додрас хостааст, ки ин ҳуқуқшиноси ҷавонро ба 30 соли зиндон маҳкум кунад.

Фаромуз Иргашев, фаъоли ҷомеаи маданӣ ва узви “Комиссияи 44″ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон” буд, ки ба хотири миёнҷигарӣ байни мардум ва мақомот ва пешгирӣ аз хунрезиҳои оммавӣ дар шаҳри Хоруғ кор мекарданд.

“Комиссияи 44” тобистони соли ҷорӣ фаъолияташро қатъ кард, вале баъдтар бо иттиҳоми даст доштан дар беназмиҳои Хоруғ қариб тамоми аъзои он зери пайгарди қонунӣ қарор гирифта, мавриди боздошту бозпурсиҳо қарор гирифта ва сипас қисме аз онҳо ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.

СММ: Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ мезанад

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд.