Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон тағйири ҳаво дар назар аст ва кишвар боз бо мушкили гарду ғубор рӯ ба рӯ мешавад.
Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносӣ, аз нимаи дуюми рӯзи 11 то 13-уми сентябр дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе эҳтимоли боло рафтани сатҳи ифлосшавии ҳаво вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, сабаби ин ҳолат ворид шудани мавҷҳои хокбориш аз самтҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ мебошад. Афзоиши зарраҳои хурди чанг дар ҳаво метавонад ба саломатии инсон, бахусус ба кӯдакон, пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои роҳи нафас таъсир расонад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки сокинон дар рӯзҳои ғуборолуд аз гаштугузори зиёд дар берун, махсусан дар минтақаҳои сермошин, худдорӣ кунанд ва ҳангоми зарурат аз ниқоб истифода баранд.
Хокбориш дар Тоҷикистон солҳои охир бештар мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоти мақомоти расмӣ, танҳо дар соли гузашта чунин рӯзҳо дар кишвар 216 рӯз идома кардаанд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ хабар додааст, ки соли 2025 дар кишвар 63 ҳолати олудагии ҳаво сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2024 тақрибан ду баробар бештар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар радабандии созмони байналмилалии IQAir, ки сифати ҳаворо дар ҷаҳон таҳлил мекунад, дар соли 2025 дар миёни кишварҳои дорои ҳавои олуда ҷойи сеюмро гирифтааст. Тибқи гузориши ин созмон, сатҳи миёнаи зарраҳои PM2.5 дар кишвар 57,3 микрограмм дар як метри мукаабро ташкил додааст.
Аммо мақомоти Тоҷикистон ин арзёбиро ҳамчун тасвири пурраи вазъи ҳаво дар кишвар қабул надоранд. Агентии ҳавошиносӣ гуфтааст, ки чунин радабандиҳоро нодида гирифтан дуруст нест, вале онҳо бояд бо назардошти маълумоти илмӣ, шароити ҷуғрофӣ ва натиҷаҳои назорати дохилӣ таҳлил шаванд.
Коршиносони муҳити зист мегӯянд, афзоиши гарду ғубор ба чандин омилҳо вобаста аст. Тағйирёбии иқлим, хушкшавии заминҳо ва коҳиши ҷангалзорҳо аз сабабҳои асосӣ дониста мешаванд. Дар Тоҷикистон, бархе коршиносон ҳамчунин буридани дарахтон, кам шудани майдонҳои сабз ва афзоиши сохтмонҳои баландошёна дар шаҳрҳоро аз омилҳои таъсиргузор ба вазъи ҳаво арзёбӣ мекунанд.
