11.9 C
Dushanbe

Ҷалолиддини Маҳмуд ба ҳуш омад

Ҷалолиддини Маҳмуд, зиндонии сиёсии Тоҷикистон, ки субҳи дирӯз дар зиндон ба кумо дучор шуда буд, дар шуъбаи эҳёи бемористон ба ҳуш омадааст.

Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv аз Вазорати адлияи Тоҷикистон, вазъи саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки субҳи дирӯз бар асари хурӯҷи беморӣ дар зиндон ба кумо дучор шуда буд, имрӯз беҳтар шудааст.

Ба қавли ин манобеъ, Ҷалолиддини Маҳмуд пас аз дучор шудан ба кумо ба бемористон интиқол дода шуд ва дар шуъбаи эҳё зери дастгоҳҳои танаффусӣ қарор дошт. Субҳи имрӯз вай ба ҳуш омада, интизор меравад фардо ба шуъбаи умумӣ интиқол дода шавад ва муддати чанд рӯзи дигар низ ҳамон ҷо бистарӣ бимонад.

Ҳамзамон наздикону пайвандони ин зиндонии сиёсӣ мегӯянд, ки саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд то бегоҳи ҷумъаи 16-уми декабри соли ҷорӣ хуб арзёбӣ мешуд ва ӯ аз ҳеч гуна беморие шикоят надошт, вале шаби шанбеи 17-уми декабр якбора аҳволаш бад шуда, ба кумо рафтааст.

Аз сӯи дигар бародари журналист Завқибек Саидаминӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кардааст, ки вазъи саломатии бародараш дар зиндон хуб нест.

Сино Саидаминӣ, бародари Завқибеқ Саидаминӣ мегӯяд: “Бародарам Завқибек ният дорад ба тамоми зинаҳои судӣ шикоят бурда, БЕГУНОҲИЯШРО ИСБОТ КУНАД! БАРОИ БАРОДАРАМ, КИ ҲОЛО САЛОМАТИЯШ ХУБ НЕСТ, ДУО КУНЕД  БАРОДАРОНУ ДӮСТОНАШ ТО САЛОМАТИЯШ ХУБ ШАВАДУ ҲАҚ БА ҲАҚДОР БИРАСАД.”

Гуфта мешавад, субҳи 17-уми декбари соли 2022  вазъи саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд, узви зиндонии Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва даҳҳо зиндонии дигар бар асари хуруҷи бемории шадиди эпидемӣ якбора дар зиндон бад шуда буд. Масъулини зиндон хунукназарӣ карда дар расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ба онҳо таъхир карданд. Вақте саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд аз ҳад зиёд вазнин ва ба кумо дучор шуд, ӯро ба бемористон интиқол доданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эътирофи мақомот: Муҳоҷирон дар иқтисоди кишвар саҳми бузург доранд

Мақомоти тоҷик эътироф карданд, ки муҳоҷирони корӣ, ки аксарашон дар Русия кор мекунанд, саҳми бузурге дар иқтисоди Тоҷикистон доранд.

Бекор шудани раводид байни Тоҷикистон ва Молдив

Мақомоти Тоҷикистон ва Малдив бо имзои як созишнома низоми раводид байни ду кишварро бекор карданд.

Боздошти се узбекистонӣ дар Туркия бо гумони қатли рӯҳонии яҳудӣ

Мақомоти Туркия рӯзи чоршанбе се шаҳрванди Узбекистонро бо гумони даст доштан дар қатли руҳонии яҳудӣ дастгир кардаанд.

ВКД Қадами Қурбонро бозпурсӣ кард

25-уми ноябри соли ҷорӣ, Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД сарояндаи шинохта Қадами Қурбонро барои суҳбат даъват кардааст.