Ҷалолиддини Маҳмуд дар зиндон ба кумо рафт

Хурӯҷи бемориҳои эпидемӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон аксари зиндониҳои кишварро, ки сари вақти ба муолиҷа дастрасӣ надоранд, замингир кардааст.

Бино ба иттилои манобеи Azda tv аз Вазорати адлияи Тоҷикистон, субҳи 17-уми декбари соли 2022 Ҷалолиддини Маҳмуд, узви зиндонии Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар асари бемории шадиди эпидемӣ дар зиндон, ба кумо дучор шудааст.

Ба қавли манобеъ, вақте вазъи саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд, зиндонии сиёсии Тоҷикистон лаҳза ба лаҳза вазнинтар мешуд, масъулини зиндон хунукназарӣ карда, сари вақт ӯро ба табобат фаро нагирифтанд. Кор то ҷое расид, ки вай аз по уфтод ва бархеҳо гумон карданд, ки бемор ҷони худро аз даст хоҳад дод, он замон масъулин ба кумаки вай омаданд, вале дер шуда буд. Онҳо пеш аз он ки беморро ба назди табибон бирасонанд, зери фишори баланд аз ҳӯш рафта буд.

Инчунин, тибқи баъзе хабарҳои таъйид нашуда, низ гуфта мешавад, дар байни ин беморони зиндонӣ як нафар ҳам ҷони худро аз даст додааст, аммо манобеи мо то замони таҳияи ин хабар дар бораи ҳувияти он маҳбуси вафот карда, маълумоти кофӣ ба даст оварда натавонистаанд. Дар ҳолати таъйид ин хабар ва ташхиси ҳувияти майит маълумот хоҳем дод.

Пеш аз ин раҳбарони мухолифини Эмомалӣ Раҳамон дар Аврупо ҳушдор дода буданд, ки мақомоти Тоҷикистон қасд доранд дар байни зиндонҳои кишвар иғвоандозӣ карда, сипас ба ҳамин баҳона теъдоде аз зиндониҳои сиёсиро бо шаклҳои мухталиф аз байн бибаранд.

Аммо акнун маълум нест, ки хуруҷи ин бемории эпидемӣ ҳам дар зиндонҳои кишвар бахше аз ҳамон барномаҳои ҳукуматӣ барои нест кардани бархе маҳбусон, бахусус зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аст ва ё он бахше аз ҳамон бемориҳои эпидемиест, ки Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро фаро гирифта ва мардум аз он ранҷ мебаранд.

Гуфта мешавад, масъулини зиндонҳои Тоҷикистон Ҷалолиддин Маҳмуд ва дигар зиндони сиёсиро борҳо бо баҳонаҳои мухталиф мавриди озору азият ва шинкаҷаҳои ҷисмонӣ ва равонӣ қарор дода, дар ҳолатҳои беморӣ сари вақт аз табобат гирифтан маҳрум карда буданд. Инчунин чанде аз зиндониёни сиёсӣ ва ғайри сиёсиро ҳам бо роҳандозии ошӯбҳои сунъӣ аз байн бурда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

На исломӣ ва на демократӣ: Сиёсати паёмрасонии Душанбеву Теҳрон дар ҷанозаи Хоманаӣ

Баргузории ҷаноза дар рӯзи ҷашни 250-солагии истиқлоли Амрико низ ба чолиш кашидани ин кишвар ҳади ақал дар ҷанги иттилоъотӣ буд.

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия ба Тоҷикистон низ таъсир расонд

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои коркарди нафт ба вуҷуд омад, ба Тоҷикистон низ таъсири худро расондааст.

Баҳс сари бозии Аргентина ва Миср идома дорад

Баҳсҳо перомуни бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026 байни дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Миср, ки бо ҳисоби 3:2 ба нафъи мунтахаби Аргентина анҷом ёфт, то ҳанӯз идома дорад.

Вазири маориф ба қазияи латукӯби омӯзгор посух дод. Чи посухе!

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ҳам омӯзгори латукӯбшуда ва ҳам донишомӯз гунаҳкор дониста, ҷарима шуданд.