Раиси вилояти Хатлон ва муовини сарвазир низ аз вазифаҳояшон барканор шуданд

Имрӯз 5-уми январ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон аз вазифаҳояшон барканор шуда, ба вазифаҳои нав таъйин карда шудаанд.

Бино ба иттилои нашрияи “Пайк”, Ҳакимзода Қурбон, ки аз моҳи январи соли 2019 ба ҳайси раиси вилояти Хатлон кор мекард, аз ин вазифа барканор шуда, вазири кишоварзии кишвар таъин шудааст.

То ҳол маълум нест, Саъдӣ Каримзода, ки моҳи январи соли гузашта вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардида буд, баъди барканориаш аз ин вазифа ба кадом кори нав мегузарад.

Инчунин Давлаталӣ Саид, ки аз моҳи ноябри соли 2013 муовини аввали сарвазири кишвар буд, ба ҷойи Ҳакимзода Қурбон раиси вилояти Хатлон таъйин шуд. Гуфта мешавад, Давлаталӣ Саид яке аз пайвандони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрӯз чанд тағйироти кадрии дигар дар вазорату кумитаҳои кишвар сурат гирифтааст, аммо расонаҳои марбут ба Ҳукумат то ҳол ин фармонҳоро нашр накардаанд.

Коршиносон тағйироти кадрӣ дар вазорату кумитаҳои Тоҷикистонро танҳо ҷойивазкунӣ меноманд, чун аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шиддати гармо Аврупо: Олмон ва Фаронса ба сокинон ҳушдор доданд

Кишварҳои Аврупо рӯзҳои охир бо яке аз шадидтарин мавҷҳои гармо дар солҳои охир рӯбарӯ шудаанд.

Боздошти зодаи Тоҷикистон дар Амрико

Мақомоти муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида як ҷавони 28-солаи тоҷикро бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Пас аз шаш сол: ҳаракати қатори Душанбе–Маскав дубора оғоз шуд

Пас аз шаш соли таваққуф, ҳаракати қатори мусофирбари Душанбе–Москва дубора барқарор гардид. Аввалин қатор рӯзи 21-уми июн ба роҳ баромад.

Шиканҷа дар Тоҷикистон – дарди бедавои ҳукумат

Чанд рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳимоят...