20.9 C
Dushanbe

Вакили дифои Абдуллоҳ Ғурбатӣ дигар аз ӯ ҳимоят намекунад

Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз идомаи ҳимояти ҳуқуқҳои ӯ даст кашидааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ хабар медиҳад.

Ба қавли манбаъ, адвокат Абдураҳмон Шарифов пешниҳоди наздикони Абдуллоҳ Ғурбатиро дар бораи идомаи ҳимояти ӯ бо пардохти ҳаққи кораш рад кардааст.

“Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, дар доираи як тарҳ ба журналист бепул (ройгон) хидмат мерасонд ва пас аз анҷоми лоиҳа дигар чунин имкон надорад.”

Пайвандони Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, мехостаанд, аз болои қарори Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба зинаҳои болоӣ “шикояти такрорӣ баранд, вале адвокат гуфтааст, дигар ёрӣ карда наметавонад.”

Сабабҳои аслии даст кашидани адвокати Абдуллоҳ Ғурбатӣ маълум нест, вале даргузашта адвокатҳое, ки парвандаҳои “ҳассос”-ро пеш мебурданд, бо фишори зиёди мақомот аз идомаи ҳимояти ҳуқуқи зерҳимояашон даст кашидаанд. Ҳатто баъзе адвокатҳо ба хотири рисолати касбияшон дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла, аз 3 адвокати Зайд Саид, тоҷири саршинос ва собиқ вазири саноати кишвар, мақомот ду адвокаташ, Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокировро зиндонӣ карданд ва барои фишор овардан болои Исҳоқ Табаров писари ӯро низ зиндонӣ карданд, ки дар натиҷаи таҳаммул накардани фишорҳои зиёди мақомоти амниятӣ билохира Исҳоқ Табаров бо сактаи қалбӣ даргузашт.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти амниятии кишвар Абдуллоҳ Ғурбатиро тобистони соли 2022 боздошт ва моҳи октябр бо иттиҳоми “ҳамла ба намояндаи ҳукумат” ва “узвият дар гурӯҳҳои мамнуъ” ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. Аммо худи ӯ ҳамаи иттиҳомоташро рад кард.

Мақомоти Тоҷикистон давоми соли 2022 7 рӯзноманигору блогерри тоҷикро боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ боздошти рӯзноманигорон аз тарафи мақомоти Тоҷикистонро маҳкум карда, раҳоии бешарту қайди онҳоро талаб карданд. Аммо мақомот онҳоро гунаҳкор ҳисобида, дархости созмонҳои байналамилалиро нодида мегиранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мухолифи тоҷик аз Аврупо ба Кобул сафар кард

Роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев бо сафари корӣ ба шаҳри Кобули Афғонистон рафт.

Эмомалӣ дар мулоқот бо созмонҳои байналмилалӣ аз ҳуқуқи инсон гуфт

Рузӣ 29-уми апрели соли ҷорӣ раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомали...

Дар Хатлон ба хотири “вазни зиёд” кормандро аз кор ронданд 

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон як корманди ин ниҳодро ба хотири вазни зиёд доштан аз кор ронданд. 

Симхоркашӣ.Қирғизистон дар марзи бо Тоҷикистон ҳисор мекашад

Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки корҳои муҳандисӣ дар марзи Тоқикистон-Қирғизистон дар вилояти Бодканд оғоз шудааст.