15.9 C
Dushanbe

ДИИШ омори ҳамлаҳои солонаашро нашр кард

Дар як оморе, ки созмони террористии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) 4-уми январ нашр кард, гуфта мешавад, давоми соли 2022 дар 22 давлати дунё 2058 ҳамлаҳои террористӣ анҷом доааст.

Бар бунёди омори сомонаи “Аъмоқ”-и марбут ба ин созмони террористӣ, дар натиҷаи бештар аз 2 ҳазор ҳамлаи террористӣ 6881 кушта ва захмӣ ба ҷо гузоштааст.

Дар омори ДИИШ ҳамчунин қайд шуда, ки соли 2022 аз ҳама бештарин ҳамлаҳои маргборро дар кишвари африқоии Нигерия анҷом додааст, ки шумораи онҳо ба 517 ҳамала ва бо қурбонии 1412 кушта вазахмӣ мерасад. Пас аз он Ироқ бо 484 ҳамла ва 833 куштаву захмӣ ва Сурия бо 297 ҳамлаву 887 кушта ва захмӣ меистанд.

ДИИШ муддаӣ аст, ки дар соли 2022 дар Афғонистон 181 ҳамлаи террористӣ анҷом додааст, ки ин ҳамлаҳо 1188 кушта ва захмӣ доштаанд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамчунин дар омори солонааш оварда, ки дар 22 кишвари дунё 2310 хонаву калисоро тарконда, 765 мошини ҷангиро низ нобуд сохта ва 100 мониши дигарро ғанимат гирифтааст.

Аммо ин созмони террористӣ аз ҳамлаҳои ахираш дар кишвари Туркия оморе нашр наркардааст. Дар ҳоле ки мақомоти Туркия моҳе пеш аз як ҳамлаи террористӣ ин гурӯҳ дар маркази шаҳри Истанбул хабар дода, як зани ҷавони сураягии курдтаборро боздошт карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.