7.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон боз қудояшро аз супоридани андоз озод кард

Дар Тоҷикистон боз ба як корхонаи вобаста ба Хадамоти алоқаи кишвар, ки раҳбари он Бек Сабур, қудои Эмомалӣ Раҳмон аст, имтиёз дода шуд.

Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст, муҳлати пардохти ҳудуди 33 млн сомонӣ (зиёда аз 3,2 млн доллар) қарзи КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” дар назди буҷет то як соли дигар ба таъхир гузошта шуд.

Гуфта мешавад, ин миқдор қарз то 1-уми ноябри соли 2022 ба вуҷуд омада, ҳудуди 19 млн сомонии он ба худи андоз ва зиёда аз 14 млн сомонӣ ба фоизҳои он рост меояд.

КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” корхонаи зертобеъи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон буда, корҳои баратараф намудани нуқсҳои электромагнитӣ – тағйирёбии ногаҳонии шиддат ва ҷараёнро дар занҷира анҷом медиҳад.

Чанде пеш низ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба Ширкати “Тоҷиктелеком”-и вобаста ба Хадамоти алоқа, ки воридоти Интернетро дар кишвар инҳисор кардааст ва боиси гаронӣ ва суст будани суръати Интернет дар кишвар мебошад, имтиёз дода шуда буд.

Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2022, супоридани беш аз 67 миллион сомонӣ (қариб 6 миллиону 700 ҳазор доллар) қарзи ширкат аз молиёт (андоз), ки зиёда аз 24 миллион сомонӣ (2,4 миллион доллар)-и он фоиз ё баҳраи қарз аст, то як соли дигар ба таъхир гузошта шуд.

Гуфта мешавад, ин ширкат солҳои охир вазъи молии хуб надорад ва аз молиёту ширкатҳои дигар қарздор буда, пештар идораи барқи Душанбе ва ширкати мухобиротии Тселл ба хотири напардохтани қарз аз “Тоҷиктелеком” ба додгоҳ шикоят бурда буданд.

Бино ба иттилои “Asia-Plus” тобистони соли гузашта раиси Кумитаи андози кишвар Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки тақрибан 43% аз ҳаҷми умумии қарзҳо аз андоз ба се шахси ҳуқуқӣ: ҶСК “Сангттӯда-1” – 244,6 млн сомонӣ, ҶСК “Тоҷиктелеком ва сохторҳои он – 123,3 млн сомонӣ ва ҶСК “НБО Роғун” – 55,8 млн сомонӣ рост меояд.

Тобистони соли 2021 бошад, бо қарори Ҳукумат қарзҳои андози “Тоҷиктелеком” ба маблағи зиёда аз 11 млн сомонӣ (ҳудуди 1 млн доллар) аз эътибор соқит карда шуданд.

Тибқи маълумоти Агентии омор, қарзҳои воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа дар зарфи 9 моҳи соли 2022 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 4,6% афзуда, ба 146 млн сомонӣ (зиёда аз 14,3 млн доллар) расидааст.

Гуфта мешавад, дар кишвар аксари ширкатҳои наздикону пайвандони раисҷумҳур аз имтиёзҳои зиёде бархурдоранд. Аз ҷумла, меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”-и шаҳри Душанбе, ки сохтмонашро бародарони ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода истодаанддорад ва бояд дар якуним сол сохта мешуд, аммо сохтмонаш 15 сол боз идома дорад, қариб ҳамасола аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Гуфта мешавад, чун раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур низ яке аз наздикон ва қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мебошад, табиист, ки аз имтиёзҳои давлатӣ ба таври автоматӣ баҳраманд хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.