Ҷаҳонро вируси нав таҳдид мекунад? СҶБ аз хуруҷи вируси нав хабар дод

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз хуруҷи вируси хатарноки наве бо номи “Hantavirus” хабар дод. Гуфта мешавад, ин вирус бори аввал дар киштии Ҳолландии MV Hondius шиносӣ шуд.

Рӯзи якшанбеи 10-уми май мусофирон ва ҳайати кории киштии сайёҳии MV Hondius, ки ин вирус аз онҷо шиносӣ шуд, аз ҷазираи Тенерифи Испания ба кишварҳои худ интиқол дода шуданд. Ин раванд таҳти назорати мақомоти тандурустии байналмилалӣ ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) идома дорад.

Бино ба гузоришҳо, мусофирон аз киштии Ҳолландии MV Hondius, ки дар назди соҳили Тенериф лангар андохта буд, бо чораҳои сахти амниятӣ ва тиббӣ берун оварда шуданд. Онҳо тавассути автобусҳои махсус ба фурудгоҳ интиқол ёфта, аз он ҷо бо ҳавопаймо ба кишварҳои худ бурда шуданд.

Мақомоти маҳаллӣ таъкид кардаанд, ки мусофирон бо сокинони ҷазира тамос нахоҳанд дошт. Ҳарчанд аксари онҳо нишонаҳои бемориро надоранд. Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои ҳамаи мусофирон карантини 42-рӯзаро тавсия додааст.

Тибқи маълумоти манбаъҳои байналмилалӣ, дар киштӣ ҳадди ақал 11 ҳолати эҳтимолӣ ва тасдиқшудаи “Ҳантавирус” сабт шуда, се нафар низ ҷон бохтаанд. Мутахассисон мегӯянд, вируси ошкоршуда эҳтимолан навъи “Andes hantavirus” мебошад, ки дар ҳолатҳои нодир метавонад аз инсон ба инсон гузарад.

Мария Ван Керхове, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Департаменти идоракунии хатари эпидемияи СҶБ гуфтааст, кишварҳо метавонанд сиёсати худро дар масъалаи карантин мустақилона муайян кунанд, аммо тавсияи созмон “рӯшан ва эҳтиётӣ” аст, то ҳама гуна хатари эҳтимолии паҳншавии вирус пешгирӣ шавад.

Ба гуфтаи мутахассисон, “Ҳантавирус” одатан тавассути тамос бо пешоб, оби даҳон ё ахлоти хояндаҳо паҳн мешавад. Давраи ниҳонии беморӣ метавонад то шаш ҳафта идома кунад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт таъкид кардааст, ки хатари паҳншавии густурдаи ин вирус дар ҷаҳон ҳоло паст арзёбӣ мешавад ва вазъият ба пандемияи COVID-19 монанд нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.