33.9 C
Dushanbe

Абдусалом Одиназода аз зиндон озод шуд

Абдусалом Одиназода, донишманди тоҷики муқими Австралия баъд аз 3,5 соли зиндон рӯзи 19-уми июн ба озодӣ баромад.

Ин донишманди 56-солаи тоҷик охири соли 2020 бо итиҳоми “таблиғи терроризм” боздошт шуда буд.
Мақомоти Австралия он замон гуфта буданд, ки Одиназода дар интернет наворҳои зиёде нашр мекард ва мусалмононро барои сарнагуни ҳукумати Тоҷикистон ва эҷоди ихтилоф даъват мекард.

Мақомоти ин кишвар Одиназодаро пуштибон ва тарафдори Толибон ва эҷоди давлати исломӣ дар Сурия дониста буданд.

Одиназода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта, ки мақомоти Австралия 16 видеои ӯро таҳқиқ карда, ба хулоса омадаанд, ки муҳтавои онҳо “таблиғи терроризм аст”. Ва ӯро бо ин иттиҳом равонаи зиндон карданд. Ин донишманди тоҷик эътироф карда, ки он замон “хатти сурх”-ро убур карда буд.

Ёдовра мешавем, ки Абдусалом Одиназода 22-уми декабри соли 2020 пас аз тафтишоти чандмоҳа аз ҷониби пулиси федеролии Австралия (AFP) ва Созмони иктишофи амнияти Австралия (ASIO) боздошт шуд.

Худи ҳамон сол расонаҳои австралияӣ хабар дода буданд, ки додгоҳи ин кишвар бар зидди Одиназода бо 4 моддаи ҷиноии “таблиғи терроризм” айб эълон кардааст.

Одиназода зодаи ҷамоати Сурхи Исфараи Тоҷикистон буда, дар Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор кардааст. Ӯ ҳамчунин соли 2015 дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон низ ба шогирдон дарс гуфтааст.

Ӯ аз донишмандони муваффақи соҳаи биохимик буда, дар ин ришта таҳқиқоти зиёде дорад, ки дар чандин сомонаҳои расмӣ ва маҷаллаҳои муътабар ба нашр расидаанд.

Ин донишманди тоҷик то рӯзи боздошташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва ҳамеша аз амалкарди ҳукумат ва мухолифон интиқод мекард. Ӯ вақтҳои охир бо пайравони мазҳаби Исмоилия баҳсҳои гармеро оғоз карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.