Афзоиш талабот ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Оморҳои расмӣ ҳикоят аз он доранд, ки тайи ду соли ахир талабот ба маводи мухаддир дар “бозорҳои сиёҳ”-и Тоҷикистон ба сурати камсобиқа зиёд шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 2-юми августи соли 2023 Ҳабибулло Воҳидзода, деректори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ба расонаҳо гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ “мусодираи маводи нашъаовар, аз ҷумла афюн – 50,3 фоиз, ҳашиш – 15 фоиз, бангдона – 51 маротиба, моддаҳои психотропӣ дар намуди хока 4,4 ва ҳабҳои синтетикӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтааст.“

Ба қавли ӯ, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ “391 (2022 – 384) ҷиноят вобаста ба маводи нашъадор” аз ҷониби мақомоти қудратӣ сабт шудааст ва аз ин ҳисоб 69 адади онҳо аз ҷониби ниҳоди зертобеи ӯ ошкор карда шудаанд.

Агнетии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, тайи як соли ахири интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби Афғонистон ба Тоҷикистон низ афзоиш доштааст. Ҳабибулло Ваҳидзода таъкид карда, ки “дар соли 2020, қабл аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон 2,4 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира шуда буд. Аммо дар соли 2021 то 4 тонна расид ва дар соли 2022 ин рақам ба 5 тонна наздик шуд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ низ мусодира ва кашфи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир афзоиш ёфтааст.“

Бархе коршиносон бар ин боваранд, ки агар талабот дар бозор зиёд набошад, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ҳам афзоиш намёбад. Аммо вақте ниҳоди ваколатдор аз афзоиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир хабар медиҳад, маънои онро дорад, ки таваҷҷуҳ ба ин маҳлусот дар “бозорҳои сиёҳ” хеле зиёд аст ва он чи дар оморҳо гуфта мешавад, камтар аз 50 дарсади маҳсулоти бозор аст.

Назорати давлатии марзҳои Тоҷикистон ба дӯши Нерӯҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст. Бидуни ҳамкорӣ ва ё зери назари КДАМ интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир кори сахт аст. Дар гузашта борҳо кормандони ин ниҳод ва дигар мақомоти қудратӣ ба даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир муттаҳам шудаанд. 27-уми апрели соли ҷорӣ Комрон Раҷабзода, сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Хоруғ низ бо иттиҳоми даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир кушта шуда буд.

Тибқи оморҳои расмӣ айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазору 183 нафар нашъаманд дар қайди давлатӣ мебошанд, ки аз ин ҳисоб 103 каси онҳоро занҳо ташкил медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.