25.9 C
Dushanbe

Афзоиши ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза

Имрӯз аз оғози ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии артиши Исроил ба Навори Ғазза 343 рӯз мегузарад ва ҳамоно ҷанг идома дорад.

Ба иттилои расонаҳо, артиши Исроил аз бомдоди рӯзи панҷшанбе то имрӯз бевақфа ҳамлаҳои худро болои мардум дар Навори Ғазза шиддат бахшидааст. Бар асари ҳамлаҳои ахир, дасти кам 40 нафар ҷони худро аз додаанд, ки аксарашон кӯдакону занон буданд.

Артиши Исроил ҳамзамон ҳамлаҳои худро дар Каронаи Бохтарӣ, аз ҷумла дар Тулкарм ва Тубос идома дода, ки дар натиҷа 4 нафар кушта ва 4 каси дигар захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол беморхонаҳои Навори Ғазза бар асари ҳамлаҳои Исроил аз норасоии шадиди дору ва имконоти пизишкӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумаки оҷил хостаанд.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, аксари беморхонаҳо аз байн рафтаанд ва чанд беморхоае, ки боқӣ мондааст, аз норасоии 60 дарсади доруҳои умумӣ ва 85 дарсад аз доруҳои махсуси бемориҳои саратон ва шустани гурдаҳо танқисӣ мекашанд.

Дар ҳамин ҳол Антонио Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар пайи кушта шудани кормандони ин ниҳоди байналмилалӣ дар Ғазза изҳороте нашр кард, ки дар он мегӯяд, “Ончи дар Ғазза мегузарад, ғайри қобили қабул аст.”

Гутерриш бо интиқод аз амалкардҳои артиши Исроил гуфт, ки адами посухгӯӣ дар қиболи қатлу куштори кормандони ин созмон ва нерӯҳои имдодӣ дар Навори Ғазза қобили қабул нест.

Дабири кулли СММ мегӯяд, аз ҷониби артиши Исроил дар Навори Ғазза қонунҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба шиддат поймол шудааст ва ғайринизомиён муҳофизат намешаванд.

Вале Гутерриш дар бораи муҷозот нашудани омилони ҷиноятҳои зидди башарии нерӯҳои исроилӣ, ки дар куштани кӯдакону занон ва пиронсолон даст доранд, чизе нагуфт.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози ҷанг то кунун дар Ғазза беш аз 136 ҳазор кас кушта ва захмӣ шуданд ва ҳудуди 10 ҳазор нафар зери овараҳо монда ва ё нопадид гаштаанд. Инчунин ҳазорон хонаву мактаб ва зерсохторҳои ин минтақа аз байн рафта, ин борика ба харобазор табдил шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.