22.9 C
Dushanbe

Афзоиши миллионерҳо дар Русия

Дар давоми як соли ҷанги Русия алайҳи Украина шумори миллионерҳои ин кишвар наздик ба 20 дарасад зиёдтар шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, теъдоди миллионерҳо дар Русия дар соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ дар соли 2021 беш аз 58 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Бар асоси “Гузори сарвати ҷаҳонӣ“, ки дар бораи теъдоди сарватмандони ҷаҳон гузориш таҳия мекунад, шумори миллионерҳои Русия, ки даромадҳои онҳо бо доллари амрикоӣ ҳисобу китоб мешавад, дар соли 2022 ба 408 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Ин теъдод дар соли 2021 ҳудуди 350 ҳазор нафарро ташкил дода буд.

Ин гузориш дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба вокунишҳои корбарони русазбон низ рӯбарӯ гардида, хеле аз онҳо афзоиши теъдоди сарватмандонро ба ҷанг дар Украина рабт дода, гуфтаанд, ки ин ҷанг сабаб шуда, ки баъзеҳо зудтар сарватманд бишаванд.

Гуфта мешавад, Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро 24-уми феврали соли 2022 оғоз карда буд. Аз он замон то ҳол хеле аз кишварҳои дунё, аз ҷумла Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Ҷопон зиёда аз 500 навъи таҳримҳоро алайҳи ин кишвар эъмол карда, дар хеле мавридҳо равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии худро қатъ карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қазоқистон беш аз 310 ҳазор қурбонии сиёсиро сафед кард

Қазиқистон ҳам мисли хеле дигар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қурбониёни сиёсии даврони столниашро сафед кард, Тоҷикистон чӣ?

HRW дар нома ба Байден аз нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) бо нашри изҳороте аз Ҷо...

Таҳдид зиндон барои навиштани “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз ин ба баъд ирсоли паёмаки "Ҷумъа муборак"-ро дар Тоҷикистон ҷурм дониста, барои он то ҷарима ва ҳатто ҳабсро пешбинӣ кардаанд.

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.