Дар пайи эътирозҳои хиёбонӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон наздики 650 нафар аз тазоҳургарон ва ҳудуди 110 нафар аз маъмури интизомӣ кушта шудаанд.
Расонаи ғайридавлати “Ҳароно”, ки марбут ба гурӯҳҳои мухолифи режими Эрон аст, дар як гузорише аз кушта шудани 250 нафар танҳо дар шаҳри Каҳрезаки шаҳристони Рай, ҷануби Теҳрон хабар додааст. Ин расона омори кушташудагон дар тазоҳуроти Эронро ҳудуди 540 нафар мегӯяд. Аммо то ҳол оморҳои расмие вуҷуд надорад, ки ин гуфтаҳоро тасдиқ кунад.
Дар ҳамин ҳол Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) дар гузорише рӯзи сешанбе омори кушташудагон аз ҷониби тазоҳургаронро 648 нафар эълон кард. Ин созмони байналмилалӣ таъкид мекунад, ки омори пешниҳодшуда ҳадди ақал аст ва шояд омори воқеӣ аз ин ҳам бештар бошад. Дар гузориши ин созмон гуфта мешавад, ки мақомоти эронӣ дасти кам то 10 ҳазор нафар аз тазоҳургаронро боздошт кардаанд.
Аммо расонаҳои давлатӣ аз Абдураҳим Мусавӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон анвиштанд, ки мегӯяд, Исроил ва Амрико бо истифода аз вазъи ноороми кишвар гурӯҳҳои силоҳбадасти аъзои ДИИШ-ро барои куштани нерӯҳои амниятӣ, интизомӣ ва мардуми осоишта вориди Эрон кардаанд.
Хабаргузории давлатии Эрон – “Тасним” иттилоъ дод, ки ҷомеаи варзишии кишвар аз мардум талаб намуда, ки бар зидди тазоҳургарон ба майдо бароянд. Ин расонаи давлатӣ мегӯяд, ҷомеаи варзишии кишвар аз ҳама мардум, бавежа варзишгарон даъват намуда, ки 12-уми январ дар саросари кишвар ба майдонҳо бароянд ва “мушти маҳкаме бар даҳони террористҳои амрикоии саҳюнистӣ бизананд.”
Ин дар ҳолест, ки мавҷи эътирозҳо дар ин кишвар то рафт афзоиш ёфта, аксар шаҳру вилоятҳои ин кишвар шоми рӯзи душанбе низ шоҳиди таҷаммуоти густарда буданд. Эътирозгарон бар иловаи талаби ислоҳоти вазъи иқтисодӣ, инчунин истеъфои ҳукуматро низ талаб доранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн гашта, ки гуфта мешавад, бархе аз тазоҳургарони хиёбонӣ, ки маълум нест аз кадом гурӯҳанд, даст ба харобкориҳо зада, бинои давлатӣ, аз ҷумла идораҳои пулис ва амниятро ба оташ кашиданд.
Расонаи ББС ва дигар расонаҳои мухолифи Эрон аз манобеи худ менависанд, ки пулис дар либоси мардуми оддӣ дар байни эътирозгарон ворид шуда, ба сӯи мардум тир мекушоянд. Аммо расонаҳои давлатӣ Эрон мегӯянд, инҳо гурӯҳҳои махсуси силоҳбадасти ҷонибдори Исроилу Амрико ҳастанд, ки вориди майдонҳо шуда, нерӯҳои амниятӣ ва мардуми оддиро мекушанд.
