28.9 C
Dushanbe

Афзоиши шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон

Лаҳистон (Полша) тадриҷан ба яке аз самтҳои нави муҳоҷирати корӣ барои зодагони Осиёи Марказӣ табдил ёфта истодааст.

Марта Ярошевич аз Маркази таҳқиқоти муҳоҷирати Донишгоҳи Варшава ба “Polskie Radio” гуфтааст, ки дар Лаҳистон шумораи муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст.

Ба гуфтаи хонум Ярошевич, гурӯҳи асосии муҳоҷиронро дар ин кишвар 1,5–2 миллион шаҳрвандони Украина ва 150 ҳазор шаҳрвандони Беларус ташкил медиҳанд. Ҳамчунин шумори муҳоҷирон аз Молдова ва Гурҷистон низ зиёд аст. Аммо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, тибқи ҳисобҳои гуногун, дар Лаҳистон 20–30 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Аксари зодагони Осиёи Марказӣ барои кор ба Лаҳистон мерафтаанд, вале шумораи донишҷӯён низ аз ин кишварҳо кам нест.

Ғайр аз ин, шумораи муҳоҷирон аз минтақаҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла Колумбия, Венесуэла, Бангладеш ва Ҳиндустон низ дар Лаҳистон рӯ ба афзоиш аст.

Марта Ярошевич ҳамчунин зикр кардааст, ки танҳо дар семоҳаи аввали соли 2026 ба шаҳрвандони Узбекистон тақрибан 16 ҳазор, ба шаҳрвандони Қазоқистон 12 ҳазор, ба Қирғизистон қариб 8 ҳазор ва ба Тоҷикистон 6 ҳазор иҷозати кор ва таҳсил дода шудааст.

Ин коршинос сабаби зиёд будани муҳоҷирон аз Узбекистонро дар Лаҳистон ба зиёд будани аҳолии он, вуҷуди муҳоҷирати кории созмонёфта ва талоши мақомоти Узбекистон барои ҷустуҷӯи имкониятҳои нав, то шаҳрвандонаш тавонанд ба ҷуз Русия дар кишварҳои дигар низ ба кор раванд, рабт додааст.

Ярошевич таъкид кардааст, муҳоҷироне, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Лаҳистон рафтаанд, аксаран мард буда, 80 дарсади онҳо қаблан дар Русия кор мекардаанд ва ин баёнгари кам шудани таваҷуҳи муҳоҷирон ба кор дар Русия мебошад.

Марта Ярошевич мегӯяд, ки дар чанд соли оянда шумораи шаҳрвандони ин минтақа, ки ба Аврупо меоянд, ба таври назаррас бештар хоҳад шуд, чун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳолӣ афзоиш ёфта, шумораи донишҷӯён ва ҷавонон зиёд аст.

Бояд гуфт, таваҷҷуҳи муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба кор дар Аврупо пас аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина бештар шуд. Ин ба хотири он буда, ки шароити будубош ва кор дар Русия барои муҳоҷирон вазнинтар гашт. Аз ҷумла, фиристодани иҷбории бархе муҳоҷроин ба ҷанги зидди Украина, коҳиши маоши воқеӣ ва қабули қонунҳои нав бар зидди муҳоҷирон аз омилҳое ҳастанд, зиндагӣ ва кори муҳоҷиронро дар Русия душвортар кард ва онҳо талош доранд дигар кишварҳоро барои кору зиндагӣ интихоб кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иди Қурбон муборак бошад!

Тамоми кишварҳои исломӣ рӯзи чоршанбе, 27-уми май Иди саиди Қурбонро ҷашн мегиранд. Дар Тоҷикистон низ фардо ин ид ҷашн гирифта мешавад.

Эванс: Валиаҳди Саудӣ “ҳамин имрӯз” Исроилро эътироф мекунад

Баъзе мақомоти амрикоӣ мегӯянд, бо валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфтугӯ доштаанд ва ӯ барои эътирофи Исроил изҳори омодагӣ кардааст.

Танҳо 41 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад то соли 2040 сатҳи дастрасии аҳолиро ба шабакаи оби ошомиданӣ то 90 дарсад афзоиш диҳад.

Корманди шабакаи барқ дар Данғара бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Дар ноҳияи Данғара як корманди Шабакаи тақсимоти барқ бо гумони фиреб ва расондани зарар ба аҳолӣ дастгир карда шуд.