31.9 C
Dushanbe

Билетҳо аз Тоҷикистон ба Русия арзон мешаванд?

Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоие, ки байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия парвозҳо анҷом медиҳанд, даъват кардааст, ки нархи билетҳоро арзон кунанд.

Дар ғайри ин сурат Агентӣ ваъда додааст, ки дар масъалаи  парвозҳои мунтазами минбаъдаи ин ширкатҳо чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Ёдовар мешавем, ки дар давоми 10 рӯзи охир нархи билетҳо якбора гарон шуд. Дар робита ба ин рӯзи 18-уми январ ҷаласаи изтирорӣ бо иштироки раиси Агентии авиатсияи шаҳрванднӣ Икром Субҳонзода ва муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода баргузор гардид.

Инчунин ба ин ҷаласа намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии “Уральских авиалиний”, “UTair”, “Сибири”, “Северного ветра” ва “Сомон Эйр” даъват шудаанд.

Бино ба иттилои Sputnik.tj дар ин ҷаласа, аз ширкатҳо талаб шудааст, ки нархи билетои Тоҷикистон-Русия-Тоҷикистонро поин оваранд ва ба директорони ширкатҳои ҳавопаймоӣ мактубҳои расмӣ фиристода шудааст.

Агентӣ бори дигар таъкид кардааст, ки нархи билети рафту омад байни Русия ва Тоҷикистон набояд аз 500 доллар зиёд бошад.

Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, агар нархҳо поин оварда нашавад, дар масъалаи парвозҳои мунтазами минбаъдаи ин ширкатҳо чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Гароншавии ахири билетҳои ҳавопаймо дар ҳолест, ки то як моҳи пеш арзиши билетҳо аз Душанбе то Маскав 2400-2500 сомонӣ буд, аммо он якбора 50% гарон шуд ва ҳоло як билет то 5000 сомонӣ ва аз он ҳам гаронтар фурӯхта мешавад.

Шаҳрвандон аз он шикоят доранд, ки дар кишвар ҷои кор нест ва маҷбуранд барои таъмини зиндагӣ ба Русия сафар кунанд, аммо бо ин гаронӣ низ барояшон рафтан душвортар мегардад.

Дар гузашта низ ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархҳоро аз нархи эълонкардаи Агентии авиатсияи шаҳрвандӣ ба маротиб гаронтар мефурӯхтанд, то ҷое, ки як билет аз Душанбе то Маскав ба 10 ҳазор сомонӣ баробар шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.