13.9 C
Dushanbe

Агар дунё вафо мекард, ӯ 75-сола буд

“Дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ, китоби Худо (ҷ.ҷ) ва суннати паёмбараш ҳазрати Муҳаммад (с) беҳтарин дастур ва муъину ҳидоятгари ман буданд.” – Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ.

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Агар дунё вафо мекард, ӯ (Худо раҳматаш кунад) 75-сола буд.

Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ (р) муассиси Наҳзати Исломии Тоҷикистон, роҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Опозисион, раиси Комисиюни Оштии Миллӣ, домулло, донишманд ва аз уламои ҳавзаи диниянд. Дар хонадони руҳонӣ, домулло ба дунё омада, маълумоти аввалияи улуми динии худро аз қиблагоҳи хеш, мулло Нуруддин (р) омӯхтанд ва сипас дар назди устодони дигар зону қад намуда, фиқҳ, сарфу наҳви арабӣ ва тафсиру ҳадис, адаб, мантиқ ва маъониву балоғатро аз худ кардааст. Машҳуртарин устодони улуми номбурда, марҳум Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Хӯқандӣ маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ (р) мебошад.

Тоҷикистони Шӯравӣ пеш аз устод Нурӣ (р) ҳамзамон бо ӯ ва баъди вай, толибилмоне (муллобачча), ки ҳар кадом, риштае аз риштаҳои ин улумро аз худ кардаанд, хеле зиёд дошт ва ҳоло ҳам кам нестанд, вале устоди зиндаёд ба куллӣ аз домуллоҳои ҳамнавъи худ, фарқ мекунад.

Таърих шоҳиди намунаи шахсиятҳои зиёде ҳаст, ки дар ташаккули миллатҳо, рафъи мушкилот ва шинохти мардуми худ саҳми бузург доранд. Маҳз устод Нурӣ (р) аз ҷумлаи чунин шахсиятҳо ба ҳисоб меравад, ки дар саҳифаи таърихи маънавӣ ва ҳаракии миллат ва мардуми тоҷик дурахшид ва боқӣ мемонад.

Устод Нурӣ (р) яке аз бузургтарин уламо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки шурӯъ аз даҳаи ҳафтодуми қарни ХХ назари умумро дар минтақа ва қаламрави собиқ Шӯравӣ нисбати Ислом ва муслимин, ки аз хеле қаблҳо як назари ба худ хоссеро ихтисос дода буд, ба куллӣ тағйир дод.

Дар дигар қаламрави паҳновари мусулмонӣ, шахсиятҳо, донишмандон ва шоъирон бо назарияҳои наву “пешрафта”, бо таълифот ва ашъори ҳамосаофарини худ ва аҳёнан ҳаракатҳое мушоҳида мешавад, вале дар билоди Мовароуннаҳр – Осиёи Маркзӣ ё набуданд ва ё ҷуз гурӯҳҳои камтаъсир ва дар ҳавошии таърих, мисли Эшони Дукчӣ, ки дар муқобили истилои Руси истиъморгар бо муридони худ ба номи ислом қиём карда буд, нестанд.

Устод Нурӣ (р) сиёсатмадор ҳастанд. Дар асл як сиёсатмадори исломӣ. Муассиси ҳаракати исломӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар авҷи қудрати султаи ҳизби яккатози комунист. Дар овони ҷавонӣ ва ҳанӯз аз замони таъсиси Ҳаракати Наҳзати Ҷавонони Исломии Тоҷикистон (НАҶОТ) мӯътақид буданд, ки: “Ислом, ҳам дин асту ҳам давлат, ҳам ибодат асту ҳам сиёсат”.

Сиёсат истилои як қавм, артишкашӣ ва кишваркушоӣ нест мегуфтанд. Ҳамчунин устод Нурӣ (р) бар ин назар буданд:

* Ислом дини ҳаётӣ аст. Танҳо ибодат байни чордевории масҷид ва анҷоми расму русуми мурдагон, тоқивору хайрот нест.

* Русҳо (болшевикҳо) мутаҷовиз ва иҳтилолгаранд. (Мӯътақид буданд, ки Рус бо ҳама истибдодаш, натавонист исломро аз дили мардуми мусулмони дар манотиқи зери султааш маҳв кунад.)

* Эҳтимом ба фарҳанги миллӣ ва арзиш ба муқаддасоти қавмӣ. (Мегуфт, ман худшиносии миллиро аз китоби тоҷикони шодравон, профессор Бобоҷон Ғафуров омӯхтам ва таъкид мекарад, ки дар бедории ҳуввияти миллӣ саҳми китоби тоҷикон хеле муассир аст ва мегуфт: ғайри инсоф мебуд агар инро қабул надошта бошем..)

* Зинда кардани фикри баргашт ба исломи пок ва фарҳанги миллӣ-мазҳабие, ки гузаштагонамон шарфёбии ифтихороти онро доштанд.

* Дурӯғ аст, ки “дунё барои ғайри мусулмонон асту қиёмат барои мусулмонҳо”.

* “Мо бо муъаллимҳо робитаи қалбӣ дорем” (диққат карда шавад, чун ин сухан дар вақте гуфта мешуд, ки аксари мардуми ҷомиъа муътақиданд, “хӯрдани нони муъаллим дуруст нест”, зеро сиёсати ғалати давр ҷойгоҳи муъаллимро мунҳасир ба ташвиқгар ва тарғибгари ҳизби бехудоӣ карда буд).

* Бекор аст, ки “дари иҷтиҳод баста шудааст”.

Дар зимн гуфтаниям, ки устод Нурӣ (р) худ муҷтаҳид буданд. Барои ин зарурати ҳеч гуна далеле намебинам, танҳо барои ашхоси бо фаҳму дироят кифоя аст қабул дошта бошанд, ки устод Нурӣ (р) барои хотимаи ҷанги дохилӣ ва ба самар расондани сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон иҷтиҳод карданд, зеро баҳам овардани мухолифоне, ки яке динӣ ва дигаре дунявӣ, гузашт ва қабули талаб ва пешниҳодҳои зоҳиран ба ҳам мухолиф, бе тасмими қотеъи як муҷтаҳиде, ки ба дурустии мавқеъ ва тасмими худ имон дорад, аз имкон дур мебошад.

Барои тасдиқи ин иддао устод Нурӣ (р) як сухани зебое дар ҳамин росто доранд, ки беҳтарин санад буда метавонад: “Дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ, китоби Худо (ҷ.ҷ) ва суннати Паёмбараш ҳазрати Муҳаммад (с) беҳтарин дастур ва муъину ҳидоятгари ман буданд.”

Бо ин вуҷуд устод (р) ба соҳиби мазҳаби худ, Имом Абӯҳанифа (р) муқаллид буданд ва дар умури таклифии фаръӣ аз эшон табаъият мекарданд.

Дар воқеъ Устод (р) шахсе буданд, ки душман надоштанд, ҳар кӣ аз ҳар қишру гурӯҳе бо эшон менишаст, фикр мекард, наздиктарин инсон ба вай ӯ мебошад.

Роҳбари мухлис, аз худ гузашта, соҳиби ҳадафи олӣ ва саъю талоши дур аз ғарзу худхоҳӣ доштанд, ки натиҷа ба даст омад ва сулҳу ваҳдат дар кишвар ба самар расид.

Раҳмонав, ки аз тинаташ хоин ва бо хиёнат ба қудрат омад ва бо хиёнат қудратро дар кишвар ба даст дорад ва ҳар рӯз чеҳраи вақеъии худро бо зулм, куштан ва ба шаҳодат расонидан ва овораву саргардон кардани бузургон ва ҷавонони миллат ошикортар мекунад, шарм накарда ин шахсияти миллӣ-мазҳабиро, ки худро фидои дин, ақида ва миллату ватанаш кард, ба бадӣ ном бурд. Шарм намекунад, ки чанде пештар аз ӯ ба болотарин сифатҳои инсонӣ ёд мекарду тамҷид менамуд.

Ин сухани ӯст:

“Саҳми домулло Нурӣ дар сулҳу салоҳи тоҷикон бениҳоят калон аст. Домулло хеч гоҳ ба мисли дигарон аз ин сулҳ суистифода накарданд.”

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон дар ҷашни Ваҳдати Миллӣ, июни соли 1999)

Беҳтар он бошад, ки васфи дилбарон,

Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон.

Воқеъан ин шахсиятҳо ҳастанд, ки шерозаҳои таърихро бо хатҳои заррин зиннат медиҳанд. Ёдат бахайр устоди зиндаёд, вориси ҳақиқии Паёмбарат (а.с) ва ходими дину миллатат. Ҳар андоза аз риҳлатат фосила зиёд шавад ба ҳамон андоза, арзиши шаъну мақомат боло меравад. Ин нишонаи садоқат ва муҳаббати як роҳбари содиқи ватандусту миллатдӯст аст.

Руҳат шод, ҷоят ҷаннати Фирдавс ҳамроҳ бо анбиё, сиддиқин, шуҳадо ва солиҳин бошад. Ва дуъо мекунем Аллоҳ сулҳу салоҳро дар кишварат пойдор ва ин миллатро ҳар чи сареътар аз зулми золими аср, раҳоӣ ва саъодату сарбалндӣ бидиҳад.

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Muhammad Said Rizoi

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.