Абдуқаюми Қаюмзод, акс аз "Озодӣ"

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори маъруфи тоҷик пас аз солҳои хомӯшӣ бо нигоштани матлабе зери унвони "Нома ба президенти оянда", ки дар "Радиои Озодӣ" нашр шуд, сукути тӯлониашро шикаст.

Дар номааш Қаюмзод ба президенти ояндаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки аввалин коре, ки мекунад бояд низоми идораи хонаводагиро дар умури давлат аз байн барад ва қадами дуюмаш бояд танзими сиёсати кадрӣ бошад. Хешутабору маҳалбозиро аз сиёсати давлатдорӣ маҳв кунад.

Бознашри номаи Қаюмзод аз "Радиои Озодӣ":

Абдуқаюми Қаюмзод

Нома ба Президенти оянда

Рӯзи 3-юми сентябр номи Президенти ояндаи Тоҷикистон маълум мешавад. Ҳамин ҳоло ҳам медонем, ки ду номзади асосӣ дорем -- Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ. Баёни беҳтар ин аст бигӯем, ки рӯзи 3-юми сентябр номи Президенти ояндаи Тоҷикистон эълом мешавад.

Маҷлиси Олӣ рӯзи интихоботро 11-уми октябр неву 11-уми сентябр ва ё баръакс 11-уми декабр таъйин мекард, ҳам чизе иваз намешуд. Сабабро обу ҳавову коронавирус ва ё фалону беҳмадони дигар ҳам бигӯянд ва ё сад далел биоранд, ки дар таъйини замони интихобот қонун поймол шуд ва Раҳматулло Зоиров пайдарпай изҳороту баёния содир кунад ҳам, асаре намегузорад. Зеро номзадҳои ин интихобот ё Раҳмон аст ва ё Рустам. Аз ин ду кӣ ба ҳайси номзад муаррифӣ хоҳад шуд, ҲХДТ муайян ва муаррифӣ мекунад.

Иттифоқи ҷавонон ва ё Иттифоқи касаба ҳам ҳастанд, вале бидуни тардид ҲХДТ ин имтиёз ва ин пайти тилоиро ба онҳо намедиҳад. Дар асл ва дар амал сохтмон ва биное, ки дар ҷаласаи пӯшида ва паси дарҳои бастаи он номзади раиси ҷумҳурӣ барои 7 соли баъдӣ маълум мешавад, қароргоҳи оила ва ё ҳамон манзили зисти хонаводаи худи раиси ҷумҳурӣ аст. Беш аз ин, дар ин маърака мову Шумо ширкат бикунем ва ё накунем, баргаҳои ройро даста-даста ва ё тоқа-тоқа дар қуттии шаффофу ғайришаффоф мерезанд ё намерезанд, нозирону мушоҳидони дохиливу хориҷӣ баҳо диҳанду надиҳанд, гумон аст, асаре бар натиҷа дошта бошад.

Мусалламан аксарияти мутлақи аъзои хонаводаи ҳоким ба тарафдории ҳокимият ва раиси феълӣ даст боло мекунанд. Ҳифз ва идомаи шароити мавҷуд барои “комфорт” ва роҳати эшон мусоид аст ва халалу мушкиле пеш намеоварад. Аммо гумони ғолиб ин аст, ки худи шароити мавҷуд инро намехоҳад ва тарафдори дигаргунист. Воқеан, дуруст ҳам ҳаст, ки замон обастани таҳаввул ва тағйир аст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳаминак худ таҳаввул ва дигаргуниро мехоҳад ва ҳадди ақал дар панҷ соли ахир барои он нақша ва барнома кашидааст, бо ҳарду даст тугмаи тарафдорӣ ба номзадии Рустамро пахш хоҳад кард. Шароит таврест, ки на танҳо худи ҷаноби Раҳмон, мардуми одӣ ва фавҷ-фавҷи муҳоҷирони кории тоҷик ҳам дар ин масъала бо мавзеъ ва мавқеи ӯ мувофиқ ҳоҳанд буд, чун пешбарӣ шудани Рустам маънии камтарин посух ба умедҳои дигаргуниро хоҳад дошт.

Дар ҷомеаҳои нимҷону карахту рокиде ба монанди ҷомеаи Тоҷикистон, ки ҷуръат ва қудрате надорад, супоридани курсии раёсат аз сӯи як диктатор амал ва иқдоми сенсатсионӣ хоҳад буд. Бигзор ҳатто ба писараш, зеро чунин иттифоқоте, ки диктаторҳо ба роҳатӣ аз раёсат ҷудо бишаванд, кам иттифоқ меафтад. Бо омадани Рустам давлат ва мамлакат аз шеваи роҳбарии айёми ҷангӣ раҳо мешавад. Раҳмон кадри ҷанги шаҳрвандӣ аст ва инро инкор карда намешавад.

Рафтани ӯ оғози тағйир дар режими авторитарӣ ном гирифтани Тоҷикистон мешавад. Каме ҳам бошад, метавон умед баст, ки як нафас ва насими тоза ба пайкари давлат ва миллат медамад. Чунки ба фарқ аз Раҳмон ва ҳамон гуна ки худи ӯ мегӯяд, Рустам дар муҳити серу пур ба камол расида ва он қадар ҳам барои захира ва анбор кардан ниёз надорад ва шояд талош кунад, ки даҳяки шароити зиндагии худро барои мардум ҳам фароҳам созад.

Ба ин бовар, ки Раҳмон неву Рустам номзад мешавад ва, ҳамин тавр, ҷойгузини Раҳмон хоҳад буд, чанде аз андешаву пешниҳодҳоро барояш матраҳ карданиам. Фикр мекунам, иҷрояшон ӯро комилан ба як раиси мардумӣ бадал карда, ҳама гуна ҳарфу ҳадиси дигар, аз ҷумла инки ҳокимиятро муфту ройгон аз падараш гирифт ва ҳеч коре аз дасташ сохта нест, ӯ ба номаш президент аст ва идораи кишвар дар дасти дигарҳост ва ғайраву ҳоказоҳо, ки имрӯзҳо хеле зиёд шунида мешаванд, ба дасти фаромушӣ месупорад.

Рустами Эмомалӣ раиси ҷумҳурӣ бишавад метавонад, ислоҳотеро ба амал оварад, ки боис ба тағйироти решаӣ ва бунёдӣ гардад ва кишварро дар зудтарин фурсат ба самти рушду инкишоф такон бидиҳад.

Аввал аз ҳама дар мудирияти давлат дасти аъзои хонаводаашро, бидуни гузашт кӯтаҳ кунад. Ва, дуввуман, сиёсати кадрии давлатро на бар мабнои маҳал ва ошнову хешу табор, балки бар пояи касбият, ҳирфаият ва тахассус ба роҳ монад. Барои ҳеч нафар, на домоди падару на додарарӯс ва на тағову ҷиян дар тиҷорат ва соҳибкорӣ имтиёз надиҳад. Баръакс, роҳи Душанбе-Хуҷанд ва ҳамин тавр тиҷоратҳои дар заминаи харҷу масрафи байтулмол созмондодаи язнаҳояшро бигирад ва ба соҳибони пешинааш барои мисол ба БДА, Вазорати тандурустӣ ва ғайра бидиҳад. Ҳуҷҷати ронандагӣ, муоинаи фаннии васоили нақлиёт ва ё ҳамин шираи камолро.

Рақобати солими миёни соҳибкорон бояд ҳифз ва ҳимоят бишавад ва иқтисоди соягии мавҷудро, ки маълум аст, дар дасти кист, аз байн барад. Қарзи Чин (Хитой) барои сохтмони роҳи Душанбе-Хуҷандро ба дӯши ширкати IRS бигзорад.

Рустами Эмомалӣ аз уҳдаи ин корҳо баромада метавонад. Эҳтимол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат норозигӣ баён мекунад, вале барои онки ба миллат ва давлат содиқона хидмат кунад ва номи некро соҳиб бишавад, ба ӯ ба мулоиматӣ фаҳмонад. Вале агар мухолифат аз тарафи Пешво бештар шуд, бидуни ибо метавонад институти Асосгузори сулҳу ваҳдатро бо як фармон лағв карда, барои раиси ҷумҳурии собиқ дар Маҷлиси Миллӣ як ҷойгоҳи муносибе фароҳам созад. Бе ин ҳам ҳоло ду ҷой дар Маҷлиси миллӣ "вакансия" аст.

Дар баробари иҷро ва анҷоми ин корҳо дар муносибат бо Чин ва Русия ҳатман таҷдиди назар кунад. Тамоми қарордодҳоро бо Чин бозбинӣ ва бознигарӣ карда, аз баҳри бисёрии онҳо бигзарад. Ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайваст шудани Тоҷикистон бисёр ҳам муҳим аст. Бахусус, ки дар ин авохир Чин даъвои Помир мекунад. Таҳкими робитаҳо бо Русия, вале бо мурооти баробарии давлатҳо бисёр ҳам муҳим ва муфид аст. Аз саргирии ҳамкориву муносибати дӯстона ва бародарона бо Эрон бар манфиати давлати Тоҷикистон аст.

Ба таъсиси вилояти Данғара роҳ надиҳад, баръакс вилоятҳоро барҳам диҳад. Вақте ҳокимияти электронӣ роҳандозӣ шуда истодааст, сохтори маъмурие чун вилоят як нонхӯри зиёдатӣ дар низоми кишвар аст.

Дар сиёсати давлат бо дин ва матбуот ва аҳзобу ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ ворид кунад. Ҳатто дар замони Шӯравӣ ин тавр набуд, ки падару модар барои таълими динӣ додан ба фарзанди худ муҷрим шинохта шаванд ва барои омӯзиши аркони динӣ ва обдасту намоз ҳатман иҷоза бигиранд ва ё инки рафтани ҷавони то 18-сола ба масҷид гуноҳ бошад. Ислоҳоти қонунҳое, ки бо арзишҳои динӣ ва урфу одати мардум таноқуз дорад, ҳатмӣ ва зарурӣ аст. Ба ҳамин тариқ, фарохони мухолифин ва мунтақидин аз кишварҳои дуру наздик ва иҷозаи кору амали қонунии онҳо бар мартаба ва мақоми раиси ҷумҳурӣ меафзояд.

Бахусус, ки зиндониҳои ақида ва андеша озод карда шаванд ва аз шиддати иҷтимоиву сиёсӣ, ба хотири имрӯзу фардои дурахшони ватан коста шавад...

Бо ин ҳама воқеият ин аст, ки ҳеҷ касе беҳтар аз худи Раҳмон намедонад, ки раиси ҷумҳурии оянда кӣ шавад, ки бар манфиати системаи сохтаи ӯ мувофиқ ва мутобиқ аст. Аз инҷост, ки ин шабу саҳар мағзи сари ӯ сахт банд аст. Одитарин хабару иттилоъро коркард мекунад, вале мутмаинам, ки ӯ барномаи таҳиякардаашро идома медиҳад. Бесабаб синни номзади президентро аз 35 ба 30 поин наовард. Худи ӯ ҳам дигар хаста шудааст ва мехоҳад, давлати пирӣ биронад. Ман ҳам тарафдори ҳамин интихоб ҳастам. Интихоби дигар дар ҳоли ҳозир вуҷуд надорад ё дошта бошад ҳам, бе пайомадҳои ногаҳонӣ нест.

Аммо дар охир як масъаларо алоҳида мехоҳам, зикр кунам. Масъалае дигар, ки барои давлат ва давлатдорӣ муҳим аст, бархурд ва муносибати давлат бо васоитаи ахбори омма, озодии матбуот ва кормандони ин соҳа аст. Кормандони воситаҳои ахбори умум рақиб ва ҳарифи сиёсӣ нестанд. Як корманди идораи андоз вазифааш ҷамъоварии саривақтии андоз дар маҳалли вобастаи ӯ бошад, журналист ҳам масъулият дорад, ки хабару иттилоъро ба мардум расонад. Бар фарзе агар фардо шумо як нафарро вазир таъйин кардед, журналист дар бораи ӯ менависад. Ҳам паҳлуи мусбат ва ҳам паҳлуи манфиашро. Агар ки ягон нафари наздики худ, узви хонаводаатонро ҳам дар масъулияти давлатӣ таъин кардед, дар ин бора ҳам менависад. Барои ин ӯро аз аккредитатсия маҳрум набояд кард.

Фишанг ва қувваи қудратро барои фароҳам кардани кору шароити зиндагӣ мебояд истифода кард, на барои саркӯби як табаа, барои мисол як журналист.

Ҳоло, ки аз мушкилоти дарёфти аккредитатсия ба унвони яке аз даҳҳо мушкилӣ миёни давлат ва хабарнигорон зикр кардам, ба он хотир буд, ки соли 2012 аввалин бор мушкили аккредитатсия дар Тоҷикистон бо ман пеш омад. Ин як моҷарои пур аз ҳарфу ҳадис аст, ки инҷо маҷол ва мавқеи гуфтанаш нест. Танҳо дар омади гап, як нуктаро бигӯям, ки ҳимояти раҳбарияти феълии “Озодӣ” чи дар бахш ва чи худи маркази радио аз кормандонашро наметавон бо раҳбарияти онвақта муқоиса кард. Бисёр мехоҳам, ки ин мушкил аз байн бурда шавад. Айб аст, ки давлат бо хабарнигор “сану ман” кунад ва як шаҳрванди худро аз кор маҳрум намояд.

Давлат бояд дар сатҳи баланд ва боло қарор дошта бошад. Ӯро танқид мекунанд,таъриф мекунанд. Бигзор. Аммо давлат ва раиси давлат ва маъмури давлат ва ниҳоди давлат, кори худашро идома медиҳад. Чун хабарнигор кадом муддао ва ҳадафи сиёсӣ надорад. Ӯ рисолати худро анҷом доааст.

Ҳамин ки баъди солҳо сукут барои “Озодӣ” навиштам, бо ҳамин хотир аст. Сӯитафоҳумҳои сунъӣ аз байн рӯфта ва бурда бишавад. На ба ин маъно, ки барои ман аккредитатсия бидиҳед, ба ин хотир, ки бо як расона ва бо хабарнигор даъво роҳ андохтан, истифодаи иқтидори давлат амалу иқдоми замони муосир нест. Ва инки баъди ин интихобот муносибат ва муомила бо васоити ахбори умум ва хабарнигорон тағйир наёбад, ҳеч чизи дигар ҳам иваз намешавад. Агар мо тарафдори таҳаввул, тағйирот ва пешрафт бошем...

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp , Viber ва Imo ба ин рақам: +48519767404 бифиристед.